ДЕВАШТИЧ: ДАР ДЕҲАИ ОБИБОРИК БИНОИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ АЗ НАВ БАРҚАРОР ГАРДИД.

26.09.2024

print

Санаи 25-уми сентябр дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Боло   маросими супоридани бинои аз нав барқароркардашуда   баргузор гардид. Он ба муносибати  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон бахшида шуда, бо иштироки  Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода  ба истифода дода шуд.

Бунгоҳи саломатии деҳаи Обиборик аз ҳисоби шахсони саховатпешаю соҳибкорони маҳаллӣ  ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботҳои замони муосир таъмиру таҷдид гардида, фаъолияти он  мушкилии сокинони деҳаро осон намуд.

Бояд зикр намуд, ки барои бунёди бинои мазкур саҳми соҳибкорон, муҳочирони меҳнатӣ ва  бародарон  Маҳмудовҳо, Ҷумъаев Ҳалим, Яҳёев Яҳё, Охунов  Облоқул, Шокиров  Наимҷон хеле  назаррас буда,  дар идома  барои заҳмату меҳнатҳои шахсони номбурда аз ҷониби Раиси ноҳия сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардид.

Дар ноҳияи Деваштич  даҳҳо  биноҳои  таъиноти  иҷтимоидошта бунёд  гардид, ки  он заминаи асосӣ барои пешрафти ноҳия мансуб буда, чунин ободкориҳо на танҳо барои рушди деҳаю ноҳия балки барои пешрафти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code