1-уми октябри соли равон дар майдони “Боғи Парчами давлатӣ” шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад.
Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
-Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат ва бақои давлат аст. Тақдири амнияти Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дасти шумо, фарзандони азиз, ки пас аз қабули савганди ҳарбӣ ин масъулияти азимро бар дӯш мегиред, вогузор мешавад.
Бояд қайд намуд, ки баргузории ин тантана ба хотири хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф оростани ҷавонон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар шудани шароит дар қисмҳои ҳарбӣ ва такмили малакаи касбии афсарони тоҷик водор кардааст, ихтиёран ба хизмат раведу собит намоед, ки ҷавонони ноҳияи мо дар ҳама ҳолат омодаанд ҳомии хоки поки сарзамини аҷдодии худ бошанд,- қайд намуд Раиси ноҳия.
Таъкид гардид, ки дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ дар ноҳия 180 нафар даъватшаванда омодаи сафарбарӣ мебошанд. Ҳамчунин, Ҷамоати деҳоти Яхтан нақшаи даъватро пурра иҷро намуда, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Ғончӣ, Ғазантарак, Муҷун ва Ростровут дар ҳоли иҷроиш қарор дорад.
Инчунин дар чорабинии тантанавии гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Ҷамоати деҳоти Яхтан Элмурод Раҷабалиев сипоснома ва “Вимпели беҳтарин Ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ”, нозири мизи харбии Ҷамоат ва Раиси Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ барои саҳми арзанда ҷиҳати сафарбарии саривақтии ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфазои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ба 30-нафар наваскарон шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” аз тарафи ТҶ “Мадатгори мудофиа”-и ноҳия супорида шуданд.
Баъдан чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқонаро таманно намуданд.
Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.
Шарҳ нест