Ҳамдиёрони азиз!
Омӯзгорони арҷманд!
Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, ба ҳамдигар алоқаи зич дорад.
Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд.
Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои бузург гузаштааст, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебо бо захираҳои ғаниву рангин бароямон мерос мондааст. Забон бузургтарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишоне барои халқу миллат аст”.
Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро дар олам бо номи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, аз минбарҳои бузургу мӯътабари ҷаҳон забони давлатии мо садо дода, дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маҳбубият касб менамояд. Ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он шароитҳои заруриро фароҳам оварем.
Дар арҷгузории забон ва посдории он нақши аҳли зиё, аз ҷумла омӯзгорон бағоят бузург мебошад. Маҳз ба воситаи фаъолияти омӯзгорон иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар муассисаҳои таълимӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Омӯзгорон дар ҳамаи давру замон тарбиятгар, мураббӣ ва меъмори дунёи маънавии инсон ҳаст ва боқӣ хоҳад монд, зеро омӯзгор шахсест, ки олами ботинии инсонро бо нури хирад равшанӣ бахшида, дар ташаккули инсон хушахлоқӣ, соҳимбмаърифатӣ ва бофарҳангӣ замина мегузорад.
Аз ин ҷост,ки Ҳукумати кишварамон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош дорад.
Имрӯз дар ноҳия қариб 3 ҳазор омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ҷавонони болаёқат, ки ҳиссагузори ободии ояндаи кишвари азизамон хоҳанд буд, заҳмат мекашанд.
Дар соҳаи маорифи ноҳия сол то сол пешравию комёбиҳои назаррас дида мешаванд, ки ифтихори Ҳар яки мост. Аз ҷумла, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯщи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ инчунин соҳиб гардидани онҲо ба ҷойҳои ифтихорӣ далели гуфтаҳои болост.
Мавриди истифода қарор додани мактабҳои замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таҷҳизонидани хуҷраҳои фаннӣ низ яке аз пешравиҳои самти маориф ба шумор рафта, сатҳу сифати таълиму тарбия торафт беҳтар гардида истодааст.
Изҳори боварӣ карда мешавад, ки Шумо омӯзгорони арҷманд дар замони рушди илму техника дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонони бонангу номус, соҳибмаърифату ватандӯст бештар кӯшишу талош намуда, меҳру садоқати худро ба Ватани худ бо заҳмати софдилона собит хоҳед намуд.
Бори дигар ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти Шумоён кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Шарҳ нест