Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ 26 октябр ҳамчуни Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷамъомад баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли кормандони мақомоти судиро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда ба ҳамаи онҳо сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф барору комёбӣ таманно намуданд.
Раиси ноҳия қайд намуд, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. Таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти мақомоти судӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра барои рушду таҳкими мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд.
“Бояд қайд намуд, ки мақомоти судӣ дар мамлакат яке аз қисматҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ба зиммаи кормандони он рисолати таъмини адолати судӣ вогузор шудааст ва онҳо ин рисолатро бо камоли масъулиятшиносӣ ба ҷо меоранд ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди мутамаддин саҳми сазовор мегузоранд”, – иброз дошт Раиси ноҳия.
Инчунин гуфта шуд, ки меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомоти судӣ аз ҷониби ҷомеа ба хубӣ эҳсос гардида, борҳо аз тарафи роҳбарияти мамлакат қадрдонӣ карда шудааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба кормандони мақомоти судӣ рўҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро барои ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон будан ҳидоят мекунад.
Дар фарҷом ба якчанд нафар барои фаъолияти софдилона ва бовиҷдонона дар татбиқи амалии адолати судӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ бо сиписномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Шарҳ нест