4 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо даровардани Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси ноҳия ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро ба Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу кард.
-Ҳамасола таҷлил гардидани Рўзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед,- иброз дошт Раиси ноҳия.
Таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор гардидааст.
Кормандони милитсия дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Раиси ноҳия ҳамзамон афзуд, ки маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия подполковники милитсия, аҳмадзода Қобил Шӯҳрат кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорони соҳа ва сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон бурдбориҳо таманно намуд.
Бояд таъкид кард, ки муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, зуҳуроти номатлуби ҳаёти ҷомеа, ҳифзи моликияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун вазифаи асосии милитсия ба ҳисоб меравад.
Сипас, ба як қатор кормандони мақомоти милитсия Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардида, барои иштирокчиён барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.
Шарҳ нест