ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

05.11.2024

print

Ҳамдиёрони азиз!
Дар таърихи давлати соқибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки  имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем.

Ба ифтихори таҷлили ин санаи таърихӣ сокинони шарафманди ноҳияи Деваштичро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу менамоям.

Солгарди қабули   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост.

Мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи мо низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳи башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд.

Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соқибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки онҳо дар пойдории рукнҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳокимияти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва тақвияти раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд замина ва зербинои мустаҳкам гузоштааст.

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам  бо Конститутсия рукнҳои созандаи мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур  гардонанд.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон  омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми  муносибатҳои  сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши намоён бозид.

Хулоса, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун хуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.  Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш, тинҷию амонӣ умр  ба сар мебарем ва дар рушду нумуи кишварамон саҳм мегузорем.

Боварии комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич бо кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободонии Ватани азизамон ва барои вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳмгузор гардида, барои зиндагии шоистаи мардум дар ҳамбастагӣ тамоми неруи худро равона менамоем.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар сокинони сарбаланди ноҳияи Деваштичро бо рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор ва сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.

30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code