ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ: РОҲИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАҲДАТ МУМФАРШ МЕГАРДАД

06.11.2024

print

 

Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ободкориҳо идома доранд.
Санаи 5 ноябр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо корҳои мумфаршкунии роҳ шинос гардиданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат нақша доранд, ки имсол аз гардиши деҳаи Нуробод то маркази Ҷамоат роҳи маҳаллиро бо сифати баланд мумфарш гардида истодааст.
Мумфаршкунии роҳи мазкур бо иқдоми сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ шуда, дарозии он 6 км ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, барои иҷрои кор зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ сарф мегардад.
Раиси ноҳия зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ҷамоатро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд.
Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад.
Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code