ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН
Қонуни мазкур тартиби бо таклифу аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, муроҷиат намудани шаҳрвандон ва тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро муқаррар менамояд (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат
Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643). Ҳама дар назди Қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (Қонун аз 21.11.06с. № 208). Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар ба онҳо додаанд, амалӣ намуда, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:
• ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсон ва ташкилотҳо;
• барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаашон аз тарафи мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (Қонун аз 21.11.06с. № 208);
Хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643). Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд (Қонун № 582 аз 21.05.98c.)
Моддаи 1 (1). Доираи амали Қонуни мазкур (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Амали Қонуни мазкур ба тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон – таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, паҳн мегардад (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 1 (2). Қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахрвандон (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 2. Намудҳои муроҷиатҳо
Муроҷиатҳои шаҳрвандон иборат аз таклифҳою аризаҳо ва шикоятҳо мебошанд.
Таклифҳо – муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти хокимияти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208). Хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Аризаҳо – муроҷиатномаҳои шаҳрвандон, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд.
Шикоятҳо – муроҷиатномаҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шудаанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Муроҷиатҳо инфиродӣ ё дастаҷамъона буда метавонанд, ки дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод мегарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқи шахсӣ инчунин ҳуқуқи дигар шахсон ва ташкилотҳои дигар равона карда мешаванд, агар қонун таври дигар пешбинӣ накарда бошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 2 (1). Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар сурате ба қайд гирифта ва баррасӣ карда мешаванд, ки агар шахсияти муроҷиаткунанда маълум ва муайян бошад.
Ба муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ҷавоби шифоҳӣ дода, дар мавриди санҷиши иловагиро талаб намудани далелҳои овардашуда, шахсони мансабдор метавонанд дар доираи салоҳияти худ ба шахсони мутасаддӣ оид ба баррасии онҳо супоришҳои дахлдор диҳанд.
Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон аз рўзи муроҷиат намудан ба қайд гирифта мешаванд ва аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қонун хабардор карда мешаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 3. Шикояту аризаҳои такрорӣ ва дуюмбора (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Ҳамон шикоят ё аризаи шаҳрванд такрорӣ ҳисобида мешавад, ки вай аз қарори аз рўи шикоят ё аризаи якумаш ба ҳамон як мақом оиди як масъалаи қабулшуда розӣ набошад.
Ҳамон шикоят ё аризае шикояту аризаи дуюмбора ҳисобида мешавад, ки оиди як масъала буда, то гирифтани ҷавоб ба шикоят ё аризаи якум фиристода шудааст.
Шикоят ё аризаи такрории шаҳрвандон ба як мақомот, ки дорои далелҳои нав намебошанд ё дар онҳо ҳолатҳои нав ошкор нашудаанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар дар бораи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, натиҷаҳои санҷиши мукаммал мавҷуд бошанд ва ба шаҳрванд ҷавоби пурра дода шуда бошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 4. Додани ариза ва шикоят
Ариза ва шикоят аз тарафи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон вайрон карда шудааст, аз тарафи шахсоне, ки шаҳрвандон онҳоро ба ин кор вазифадор кардаанд, инчунин шахси дигар ё ташкилоте, ки бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ машғул аст, дода шуда метавонад. Шикоят ва ариза барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ва касони ғайриқобили амал аз тарафи намояндаҳои қонунии онҳо дода мешавад.
Шикоят ва ариза ба мақоми болоӣ, ки шикоятгару аризадиҳанда тобеи он мебошанд, ба шахси мансабдор ё суд дар маҳалли воқеияти мақом ё ҷои кори шахси мансабдор, ки амали онҳо мавриди шикоят қарор гирифтааст ё аз рафтори ғайриқонунии онҳо хабар медиҳад дода мешавад. Хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 5. Талаботе, ки нисбати муроҷиатҳо пешниҳод мегардад.
Дар муроҷиат бояд фамилия, ном, суроғаи шаҳрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гарданд.
Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном буда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Муроҷиатҳое, ки ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият шахсони мансабдори онҳо равона карда шудаанду ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда ба салоҳияти онҳо дохил намешаванд, дар мўҳлати на зиёда аз 5 рўз ба мақомот ё шахсони мансабдори дахлдор фиристода, дар ин бора муаллифони онҳо хабар дода мешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Шикоятҳо ва аризаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда дода шудаанд, ҳатман бояд мавриди баррасӣ қарор гиранд, қабул накардани шикояту аризаҳо мумкин нест. Ариза ва шикоятҳои шаҳрвандонро ҳамчунин ба он мақомот ва шахсони мансабдор фиристодан мумкин нест, нисбати амал ва беамалии онҳо шикоят намуда ё рафтори ғайриқонунии онҳо хабар дода мешавад.
Моддаи 6. Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд
Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд, мувофиқи Қонуни мазкур ва қонунҳо дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрванд ҳангоми додани шикоят
Шаҳрванде, ки бо шикоят ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият муроҷиат менамояд, ҳуқуқ дорад (Қонун аз 21.11.06с. № 208):
• шахсан далелҳои худро ба шахсе, ки шикоятро санҷиш менамояд, баён кунад (Қонун аз 29.12.2010 № 643);
• бо материалҳои санҷиш бо риояи талаботи моддаи 11-уми ҳамин Қонун шинос шавад (Қонун аз 29.12.2010 № 643);
• маводҳои иловагӣ пешниҳод кунад ё аз тарафи мақоми баррасикунандаи шикоят талаб карда гирифтани онҳоро дархост намояд (Қонун аз 21.11.06с. № 208);
• аз хизмати адвокат ё шахси дигар истифода барад;
• дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоят ҷавоби хаттӣ гирад;
• ҷуброни зиёни расонидашударо аз шахсони гунаҳкор бо тартиби муқарраркардаи қонун талаб намояд.
• дар сурати розӣ набудан бо қарори қабулшуда ба суд шикоят намояд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).Моддаи 8. Амали мақомоте (шахсони мансабдоре), ки нисбати онҳо мувофиқи Қонуни мазкур шикоят карда мешавад (Қонун аз 29.12.2010 № 643)
Ба амалҳо, қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки нисбати онҳо ҳуқуқ ба тартиби тобеият ба мақом, шахси мансабдор ё суд муроҷиат кардан мумкин аст, амалҳои коллегиалӣ ва инфиродӣ, қарорҳо тааллуқ доранд, ки дар натиҷаи онҳо (Қонун аз 21.11.06с. № 208):
s• шаҳрванд аз имконияти пурра ё қисман амалӣ намудани ҳуқуқе, ки қонун ё дигар санади қонунгузорӣ додааст, ғайриқонунӣ маҳрум карда шудааст;
• ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонунӣ вазифае гузошта шудааст ё вай ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Мувофиқи Қонуни мазкур беамалии мақомот ва шахсони мансабдор, яъне иҷро накардани амалҳое низ метавонад мавриди шикоят қарор гирад, ки онҳо мебоист ба манфиати шаҳрванд анҷом медоданд ва метавонистанд анҷом диҳанд, вале иҷро накардани онҳо боиси оқибатҳое шудааст, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр ёфтаанд (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 8 (1). Мўҳлати пешниҳоди муроҷиатҳо (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Мўҳлати пешниҳоди таклифҳо ва аризаҳои шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд, маҳдуд карда намешаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Шикоятҳо метавонанд аз тарафи шаҳрвандон ба мақомоти дахлдор дар мўҳлати на дертар аз се сол аз рўзи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ё аз рўзе, ки чунин вайронкунӣ ба онҳо маълум гардидааст, пешниҳод карда шаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 9. Ўҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оиди баррасии муроҷиатҳо (Қонун аз 29.12.2010 № 643)
Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, роҳбарони онҳо ва дигар шахсони мансабдор дар доираи салоҳияти худ ўҳдадоранд:
• мунтазам вазъи корро оиди баррасии таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар раёсатҳо ва шўъбаҳои дахлдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеашон санҷиш намоянд, барои бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон ё такроран ва дуюмбора расидани шикояту аризаҳо мешаванд, тадбирҳо андешанд. Муроҷиатҳоро ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт дар мўҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Қонун баррасӣ намоянд дар сурати зарурат шахсони мансабдорро даъват намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои даркориро талаб карда гиранд, кормандонро барои санҷиш ба маҳалҳо фиристанд, қарорҳои қонунан асоснок қабул намоянд ва иҷрои онҳоро таъмин кунанд дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо ба шаҳрвандон хаттӣ хабар диҳанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Рад кардани талаботе, ки дар ариза ва шикоят баён шудааст, бо зикри сабабҳои радкунӣ, инчунин шарҳи тартиби шикоят нисбати қарори қабулшуда ба маълумоти шаҳрванд расонида мешавад.
Масъулият оид ба ташкили баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба зиммаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, гузошта мешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 10. Манъи таъқиби шаҳрвандон барои муроҷиаташон ва маҷбур кардани онҳо барои иштирок дар амалиёти ҳимояи муроҷиатҳо
Ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бо ошкорсозии маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, ё дигар сир, ё ин, ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон мебошанд, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, роҳ дода намешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Ҳеҷ касро барои иштирок кардан дар ҳимояи ягон муроҷиат маҷбур мумкин нест.
Шахси мансабдоре, ки шаҳрвандро барои муроҷиат кардан бо тартиби муқарраргардида ё барои танқиди дар он зикршуда, ҳамчунин барои танқид кардан ба шакли дигар таъқиб менамояд, мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 11. Манъи ошкорсозии маълумоте, ки дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо маълум гардидаанд
Ҳангоми баррасии муроҷиатҳо аз тарафи кормандони мақомоти давлатӣ ё иттиҳодяҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ошкорсозии дигар маълумотҳое, ки сирри тавассути қонун ҳифзшавандаи давлатӣ мебошанд ё маълумоти дигар, ки боиси поймолкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, мумкин нест. Инчунин аниқ намудани маълумот дар бораи шахсияти шаҳрванд, ки он ба муроҷиат дахл надорад манъ аст. Бе розигии шаҳрванд ошкор намудани ягон маълумоте, ки ба шахсияти вай тааллуқ дорад раво нест (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 12. Мўҳлати баррасии муроҷиатҳо
Муроҷиатҳои шаҳвандон дар мўҳлати то як моҳ аз рўзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рўз баррасӣ мешаванд (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани санҷиши махсус, талаб карда гирифтани маводҳои иловагӣ ё дидани чораҳои дигар зарур аст, мўҳлати ҳалли ариза ва шикоят ба таври истисно аз тарафи роҳбар ё муовини роҳбари мақоми дахлдор, корхона, муассиса, ташкилот дароз карда шуда метавонад, аммо на зиёда аз як моҳ ва дар ин бора шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, огоҳ карда мешавад. Зимнан мўҳлати умумии баррасии муроҷиат аз ду моҳ зиёд буда наметвонад (Қонун аз 21.11.06с. № 208, аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 13. Қабули шахсии шаҳрвандон
Вакилони ҳамаи сатҳҳо, роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ўҳдадоранд, ки шаҳрвандро шахсан қабул намоянд (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Шаҳрвандон мунтазам дар рўзҳо ва соатҳои муқарраршуда рўзҳои қабул карда мешаванд. Хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Тартиби қабули шаҳрвандон дар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Дар сурати то охир баррасӣ нашудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ҳангоми қабул аз ҷониби шахсони масъул, баррасии он дар асоси талаботи Қонуни мазкур амалӣ мегардад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонун дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
Кормандони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шакли моликият ки:
• барои ғайриқонунӣ рад кардани баррасии муроҷиатҳо:
• барои бе сабабҳои узрнок риоя накардани мўҳлати баррасии муроҷиатҳо;
• барои қабул кардани қарори беасоси хилофи Қонун;
• барои фош намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар сир ё ин ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).Моддаи 15. Ҷуброни зиёне, ки бинобар риоя накардани талаботи Қонун ба шаҳрванд ҳангоми баррасии ариза ва шикоят расонида шудааст
Дар мавриди қонеъкунонии ариза ва шикоят мақоме (ташкилоте, ки аз рўи онҳо қарори ғайриқонунӣ қабул кардааст, зиёни расонида шударо вобаста ба додани ариза ва шикоят ва баррасии он, ба шумули маблағи боҷи давлатӣ, хароҷоти иштирок дар баррасии шикоят, ки бо талаби мақоми дахлдор сурат гирифтааст ва музди миёнаи меҳнат дар ин муддат аздастрафтаро ҷуброн мекунад. Баҳси оид ба ситонидани пули хароҷот ба тартиби судӣ баррасӣ карда мешавад.
Ба шаҳрванд мувофиқи хоҳишаш ва ба тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёни маънавие, ки бинобар амал (беамалӣ) ё қарори ғайриқонунии мақом ё шахси мансабдор ҳангоми баррасии шикоят ё аризааш расонида шудааст, метавонад ҷуброн карда шавад. Андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ дар ифодаи пулӣ аз тарафи суд муайян карда мешавад (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои додани аризаву шикоятҳои дорои хусусиятҳои зиддиқонунӣ
Шаҳрванд барои додани ариза ва шикояти тӯҳматангез ва таҳқиромез, инчунин даъват ба низоми миллӣ, динӣ ва амалҳои дигаре, ки мавриди ҷазои ҷиноӣ қарор мегиранд, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Моддаи 17. Ҷуброни хароҷотӣ вобаста ба санҷиши ариза ва шикоятҳое, ки дорои маълумоти бардуруғ мебошанд (Қонун аз 29.12.2010 № 643)
Хароҷоте, ки аз тарафи мақоми давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вобаста ба санҷиши ариза ва шикоятҳои дорои маълумоти бардуруғ сурат гирифтааст, бо қарори суд аз рўёнида шуда метавонад (Қонун аз 29.12.2010 № 643).
Моддаи 18. Назорат ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
Назоратро ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нисбати корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои тобеашон таъмин менамоянд.
Моддаи 19. Назорати прокурорӣ ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи вай сурат мегирад.
Моддаи 20. Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти байнидавлатӣ (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Шаҳрванд ҳақ дорад дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мақомоти байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муроҷиат намояд, агар ҳамаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии дохилидавлатӣ пурра истифода шуда бошанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмоновш. Душанбе аз 14 декабри соли 1996 № 343
Шарҳ нест