ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21.11.2024
print

Ҳамдиёрони  азиз!

Ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҷашнҳои даврони Истиқлол дар қаламрави ҷумҳурӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли сокинони ноҳия ва ҳар яки Шуморо бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи рамзи Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари азизамон мебошад аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод менамоям.

 Парчам яке аз рукнҳои муҳими давлатдории мо, рамзи ҳаёти осоишта, муттаҳидӣ ва ҳуввияти миллӣ аст. Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ воситаи тарбия дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои  таърихиву фарҳангии халқамон ба ҳисоб меравад.

Парчамдорӣ бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид, ки барои миллати фарҳангдӯсту сарбаланди тоҷик суннати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаю рӯйдодҳое ҳастанд, ки  омӯзишу баррасии онҳо барои насли имрӯзу фардо чун   панде хизмат намуда, дар шинохти асолати миллию худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд.     

Аз ин рӯ, дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ-Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид, зеро  ҳар ҷо Парчами миллӣ афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори  ватандорӣ дучанд  мегардад.

Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини мамлакат  муқаддас буда, ба шарофати  партави Парчами миллӣ мардум бештар муттаҳид ва  азми амалҳои нек гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчам, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мо аст, дар замири қалби худ мепарастанд. Ҳама дастовардҳои  замони соҳибистиқлолӣ бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.

Парафшон гардидани Парчам нишони давлатдорӣ буда, аз устувории пояи ваҳдату иттиҳод ва якдилии сокинон шаҳодат медиҳад. Эҳтироми парчам, эҳтиром нисбат ба миллат, ба таърих ва дигар муқаддасоти кишвар аст.

Бояд қайд намуд, ки  вобаста ба ҳастии Парчами давлатӣ  дар пешрафту тараққиёти кишвари азизамон ва эҳтироми хоси мардуми тоҷик нисбат ба он – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ёдовар шудаанд: “Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкории худро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нави демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ ба пеш хоҳем бурд”.     

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрӯзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи бунёди давлатии демократии ҳуқуқбунёди дунявист.

Дар охир таманнои онро дорам, ки Парчами миллии мо, ки рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси мо мебошад, чун сояи боли ҳумо дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон бошад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро шодбош гуфта, ба ҳар яки Шумо хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозӣ орзу намуда, хоҳони онам, ки  Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлол дар дилу дидаи ҳар як  сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои  озоди кишварамон парафошонӣ намояд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code