26 декабр дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич – Раиси маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон иҷлосияи бисту дуюми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосияи мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибон ва раисони Шўрои маҳаллаҳои деҳаҳо, шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси маҷлис Ашуралӣ Ҷалилзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сурхоб №34“ ба кори иҷлосия оғоз бахшид.
Бо назардошти иловаи масъалаҳо рўзномаи маҷлис тасдиқ гардид.
Аз рўи масъалаи якуми рўзнома ҳисоботи Раис ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич дар ёздаҳ моҳи соли 2024 муовини якуми Раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сойча№36” Умар Маҳмадёрзода пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома оид ба тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2025 ва оид ба иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2023 ҳисоботи сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Дилафрӯз Баҳодурзода баромад намуд. Инчунин маърӯзаи иловагӣ аз рӯи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва буҷет, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Файзобод №3” Ҳамроқул Қўлдошов шунида шуд.
Дар идомаи иҷлосия раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ, ҳифзи табиат, сохтмону саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагиҳои роҳу рифоӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Сабис-тӯда №23» Раҳмон Шарифзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иҷрои ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии «Лалм №38» Насрулло Файзуллозода ҳисобот дода, онҳо ба инобат гирифта шуданд.
Аз рўи рўзнома инчунин меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби сардори Нозирот андоз дар ноҳия Шероз Комилзода шунида шуд.
Дар идомаи маҷлис як қатор нақшаҳои муфассали тарҳрезӣ вобаста ба самти сохтмон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз рўи масъалаи дигари рӯзнома қарорҳои раиси ноҳияро тасдиқ намуданд ва қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.
Ҳамзамон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон дар кори иҷлосия баромад намуд.
Дар фарҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода қайд намуд, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич ҷонибдорӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати ободонии кишвари азизи худ саҳмгузор мегарданд.
Бо ҳамин иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.
Шарҳ нест