11 марти соли равон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ва қадрдонии як қатор кормандони васоити ахбори оммаи ноҳия баргузор гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, собиқадорони соҳаи матбуот, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуотро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат таҳният намуда, зикр дошт, ки ҳамасола чун анъана сар то сари ҷумҳурӣ санаи 11 март ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик- иди касбии рўзноманигорон таҷлил карда мешавад.
Зикр дошт, ки матбуот аслиҳаи тавоною нерўи бузурги тарғиботу ташвиқот, воситаи ба хештаншиносиву ватанпарастӣ даъват намудани ҷамъият ва тарбияи маънавию ахлоқии омма маҳсуб ёфта, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи матбуот чун тарғибгари сиёсати берунаю дохилии мамлакат, паҳнкунандаи фарҳанг, сулҳ ва дастовардҳои муҳими ҷумҳурӣ, мусоидаткунанда ба инкишофи иҷтимоию фарҳангии ҳаёти халқ баҳои баланд медиҳанд.
Вобаста ба ин рўзномаҳои ноҳия “Набзи Деваштич” ва “Пайғом”дар инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ноҳия саҳми арзанда доранд. Кормандони соҳаи матбуот бо дарки маъсулияти баланди касбӣ баҳри инъикоси ободиву созандагӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рисолати хешро дар назди халқу давлат сарбаландона адо намуда истодаанд, изҳор дошт Раиси ноҳия.
Матбуот аслиҳаи тавоною нерўи бузурги тарғибу ташвиқот, воситаи ба хештаншиносиву ватанпарастӣ даъват намудани ҷамъият ва тарбияи маънавию ахлоқии омма ба ҳисоб меравад.
Матбуот муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар ҳақиқат васоити ахбори умум дар байни халқ ва мақомот пулеро мемонад, ки ба воситаи он гуфтугўи ошкоро байни онҳо ба вуқўъ мепайвандад, афкори халқ, фикру андеша, пешниҳоду дархости онҳо то ба роҳбарият расонида мешавад.
Сипас, раиси бахши деваштичии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Эгамназар Соҳибназаров, намояндагони васоити ахбори омма Зайниддин Қаландарзода, Содиқ Ҳоҷимурод, Абдувоҳид Сатторов, Шараф Зикруллоев, Ҷумъабой Қурбонмуҳаммад ба сухан баромада, аҳли эҷоди ноҳияро бо иди касбиашон шодбош гуфта, аз таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба воситаҳои ахбори омма ёдовар гардиданд ва ҷиҳати пешбурди кор дар соҳаи матбуоти ноҳия таклифҳо пешниҳод намуданд.
Дар фарҷом ба як қатор собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони фаъол Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Шарҳ нест