ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

19.07.2025
print
14 июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин шудааст.
Сипас, муовини Раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 гузориш дод.
Зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, ҳамзамон роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода равона намуда, ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра роҳбарияти ноҳия таваҷҷӯҳи асосии худро ба рушди соҳаи саноати ноҳия, ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ равона намуд.
Дар маърӯза зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 103, 6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 55 миллиону 963 ҳазор сомонӣ ба буҷет 57 миллиону 983 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 2 миллиону 17 ҳазору 322 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли равон ба буҷети маҳаллии ноҳия 25 миллиону 277 ҳазору 809 сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 572 ҳазору 809 сомониро ташкил дод, ки баробари 102, 3 фоизи нақша мебошад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 1 миллиарду 85 миллиону 74 ҳазор сомонӣ мебошад.
Ҳамзамон муовини Раиси ноҳия ҳамзамон доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар бахшҳо маълумот дод.
Дар баррасӣ ва музокираи масъалаҳо вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардиданд, аз муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор пурсиш гузаронида шуда, фаъолияти ҳамаи самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд ва муовинони раиси ноҳия – сарпарастони соҳа, нозироти андоз, раёсати молия, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр вазифадор гардиданд, ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар ноҳия, барқарорсозии корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон ва саривақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани андоз аз ҳамаи восита, имконият ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Инчунин Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич рӯ ба афзоиш оварда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳия густариши тоза пайдо намудааст ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода дар баромади хеш нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, вобаста ба бартараф кардани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд ва таъкид ба амал овард, ки дар фаъолияти минбаъда ҳамаи кӯшишу ғайрат ба бартараф намудани камбудиҳо равона карда шаванд.
Дар рафти ҷаласа Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода фаъолияти мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро таҳлил намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супориш дод.
Дар назди масъулин барои таъмини рушди соҳаи саноат, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сари вақт таъмин намудани заминҳо бо оби полезӣ, мубориза бо хуруфотпарастӣ, пешгирии ҳолатҳои зиёдаравӣ дар вақти ҷашнҳои тӯю азодорӣ, дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа вазифагузорӣ карда шуд.
Ҳамзамон барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дода шуд.
Дар фарҷом ба як қатор роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code