МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БО ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ НАМАНГОН ШАВКАТҶОН АБДУРАЗЗОҚОВ

09.08.2025
print
7 августи соли 2025 дар шаҳри Намангон мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуразақов Шавкат Шокирҷонович баргузор гардид.
Ҳайати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода барои дидан ва ривоҷ додани ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Намангон ташриф оварданд.
Аснои мулоқот аз густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки имрӯз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсояро мустаҳкамтар намуда, риштаи дӯстиро қавитар созанд.
Хушбахтона, солҳои охир муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар низ рӯ ба инкишоф оварда, ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёфтани маҳсулотҳои истеҳсоли дохилӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таконбахш гашта истодааст.
Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду мамлакат метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд.
Инчунин дар фарҷоми мулоқоти ёддошти тафоҳум байни роҳбарияти ноҳияи Деваштич ва роҳбарияти вилояти Намангон оид ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ба имзо расидани шуд.
Санади мазкур барои минбаъд дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва тақвият бахшидан дар самтҳои болозикр имкон фароҳам меорад.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code