СУРАТГУЗОРИШ: САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ВИЛОЯТИ НАМАНГОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

09.08.2025
Тавре маълум аст, ки рӯзҳои 5-7 августи соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо шарикони рушд ҳайати ноҳияи Деваштич бо роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.
Ҳадаф аз сафари ҳайат ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, зимни сафари расмӣ намояндагони ноҳияи Деваштич аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос шуд.
Аз соҳибкорони ӯзбек даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварда, бо вазъи соҳаҳои кишоварзию саноатӣ бевосита шинос гарданд. Зеро доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технолгияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.

Шарҳ нест