Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода даъватшавандагонро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №1071 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.
Ҳамчунин, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад.
Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд, – таъкид намуд Раиси ноҳия.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
Таъкид гардид, ки дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ 130 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд.
Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Юсуфҷон Баҳодуров, сарбоз аз қисми низомии 04533 Матинҷони Маҳмудӣ, падари даъватшаванда Ҳасан Ҳоҷиев ва даъватшавандаи ихтиёрӣ Эҳром Ҳоҷиев суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, ба наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи ноҳияро бомуваффақият хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.
Баъдан чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқонаро таманно намуданд.
Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.
Сипас, дар чойхонаи миллии ба номи Абдусамад Қодирови марказ ноҳия барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич


























Шарҳ нест