Устодону омўзгорони арҷманд!
Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр ба хотири қадр кардани заҳмат ва фаъолияти содиқонаву самимонаи омӯзгорон ва аҳли илму маърифат дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат, ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Рӯзи омӯзгорон сидқан табрику муборакбод намуда, дар симои ҳар яки Шумо, ба кулли омўзгорони ноҳия умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод ва дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафи соҳибмаърифату соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасоз дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Таҷлили ин санаи фархунда шаҳодати таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат ба омӯзгор, яъне роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақому мавқеи омўзгор дар пешрафти ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Воқеан ҳам рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дорад.
Омӯзгорон дар ҳамаи давру замон тарбиятгар, мураббӣ ва меъмори дунёи маънавии инсон ҳаст ва боқӣ хоҳад монд, зеро омӯзгор шахсест, ки олами ботинии инсонро бо нури хирад равшанӣ бахшида, дар ташаккули инсон хушахлоқӣ, соҳимбмаърифатӣ ва бофарҳангӣ замина мегузорад.
Аз ин ҷост,ки Ҳукумати кишварамон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош дорад.
Имрӯз дар ноҳия қариб 3 ҳазор омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ҷавонони болаёқат, ки ҳиссагузори ободии ояндаи кишвари азизамон хоҳанд буд, заҳмат мекашанд.
Дар соҳаи маорифи ноҳия сол то сол пешравию комёбиҳои назаррас дида мешаванд, ки ифтихори ҳар яки мост. Аз ҷумла, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ инчунин соҳиб гардидани онҳо ба ҷойҳои ифтихорӣ далели гуфтаҳои болост.
Мавриди истифода қарор додани мактабҳои замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таҷҳизонидани хуҷраҳои фаннӣ низ яке аз пешравиҳои самти маориф ба шумор рафта, сатҳу сифати таълиму тарбия торафт беҳтар гардида истодааст.
Изҳори боварӣ карда мешавад, ки Шумо омӯзгорони арҷманд дар замони рушди илму техника дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонони бонангу номус, соҳибмаърифату ватандӯст бештар кӯшишу талош намуда, меҳру садоқати худро ба Ватани худ бо заҳмати софдилона собит хоҳед намуд.
Бори дигар, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан худам омӯзгорони ноҳияро ва дар шахси онҳо ҳамаи собиқадорони соҳа, устодон, аҳли илму маърифат ва адабро бо Рӯзи омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон бахту саодат, рӯзгори хушу хуррам ва дар кори таълиму тарбияи ҷавонони ояндасози кишвар муваффақиятҳо орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!
Шарҳ нест