БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАВАСКАРОН САВГАНДИ САДОҚАТМАНДӢ ЁД КАРДАНД

06.11.2025
print
6 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғончӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Дар маросими савгандёдкунӣ ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд ва а дар қисмҳои низомию сарҳадӣ дар ноҳиябуда хизматро оғоз намудаанд, иштирок карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу бум, пойдории сулҳу субот саҳм мегузоранд ва ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат менамоянд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба наваскарон ҷиҳати иҷрои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ комёбиҳо орзу кард.
Таъкид гардид, ки савганди ҳарбӣ баёнгари садоқат ба Ватану миллат, ба халқи шарифи кишвар ва ба арзишҳои муқаддаси Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки наваскарон хизмати садоқатмандонаю бошарафона дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақш гузошта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро мекунанд ва арзишҳои Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар савганди ҳарбӣ ҳамаи талаботи муҳим ва вазифаҳои асосие, ки халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хизматчии ҳарбӣ мегузорад, хеле мушаххас ва нишонрас ифода ёфтааст. Сарбоз савганд ёд мекунад, ки ба Ватани азизаш-Тоҷикистон содиқ бошад.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code