Субҳи 16 ноябри соли 2025 ба ифтихори Рӯзи Президент ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ роҳпаймоии ҷашнӣ бо иштироки кормандони касбу кори гуногун, сокинону фаъолони ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба фарзанди фарзонаи миллат ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ намуданд.
Дар роҳпаймоии ҷашнӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ширкат варзида, ҳозиринро бо Рӯзи Президент ва 33 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.
Зикр гардид, ки рӯзи 16 ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амри воқеӣ буда, соли 1992 дар ин рӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба кори худ оғоз карда, дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргирро пеш гузошт. Бо баргузории ин Иҷлосия дар таърихи ташаккулёбии ниҳоди сарварӣ марҳилаи нав оғоз гардид.
Бо гузашти зиёда аз 33 сол аз рӯзи баргузории ин иҷлосия ва арзёбии дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон ба вуқуъомада метавон хулоса намуд, ки дар асл Иҷлосияи ХVI рӯйдоди таърихиест, ки дар баробари дигар ҷанбаҳои муҳими худ, шахсияти таърихиро ба арсаи сиёсӣ ворид намуда, ба ташаккули дарки арзишии таърих мусоидат намуд.
Аз диди таърихию сиёсӣ баҳо додан ба воқеияти иҷтимоии он замон аён месозад, ки вазъи мушкил ва буҳрони ҳокимият раванди ташаккули муносибатҳои ҷамъиятиро мушкилу номумкин гардонида буданд. Маҳз дар чунин шароит ба уҳда гирифтани идоракунии ҷомеа ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳо ба шахсе имкон медод, ки ӯ воқеан ҳам дорои иродаи сиёсӣ ва қудрати фавқулодаи идоракунӣ бошад. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Таҷрибаи идоракунӣ давоми се даҳсолаи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии ниҳоди президентӣ муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, барои дуруст муайян намудани афзалият дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ мерасонад.
Бо гузашти марҳалаи муайяни таърихӣ, ки воқеияти иҷтимоию сиёсӣ комилан дигаргун гаштааст, эътирофи ҷомеа ба ташаккули арзиши нави сиёсӣ – Пешвои миллат сабаб гардид.
Моҳияти дастурии он имкон дод, ки ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун мақоми нави иҷтимоӣ пазируфта ва эътироф шавад.










Шарҳ нест