ДЕВАШТИЧ: АЁДАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОН ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА ДАР ҚИСМҲОИ САРҲАДИЮ НИЗОМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2025
print
16-уми ноябр тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар қисми низомии 04533 ва қисми сарҳадии 0214 РҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардида, дастархони идона ороста шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода иштирок доштанд.
Сараввал Раиси ноҳия кулли афсарону сарбозони шуҷои Ватанро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табруку муборакбод намуда, қайд намуд, ки сарбозону афсарон дар роҳи пуршарафу боифтихор – ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд.
Хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда, саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштани эътибори кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, бахусус оид ба дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ, , ба миён гузоштани муаммоҳои глобалии гармшавии сайёра ва дигар мушкилоти экологӣ, муборизаи беамон бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт.
Сипас, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро қироат намуда, кулли афсарону сарбозонро табрик гуфта, аз талошҳои доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми тоҷик ёдоварӣ кард.
Дар идомаи чорабинӣ, баҳри болидахотирии сарбозону афсарон аз ҷониби ҳофизони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки чунин чорабиниҳо дар тамоми қисмҳои низомию сарҳадии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code