ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

21.11.2025
print
20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштирки Раиси комиссия – муовини Раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина ва сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.
Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Набзи Деваштич” эълон таҳия ва нашр гардида, аз ҷониби 5 нафар довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардиданд.
Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо ҳамаи довталабон дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд. Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд.
Тибқи тартибот натиҷаи озмун пас аз 3 рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code