Субҳи 22 ноябр сокинони касбу кори гуногун ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия роҳпаймоии идона барпо намуданд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири шӯъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Худойдодзода, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ноҳия, кормандони муассисаҳои давлатӣ, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, варзишгарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд.
21 августи соли 2019 дар маркази ноҳия бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 50 метр парафшон гардид.










Шарҳ нест