ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БИНОИ МАРКАЗИ ҶАВОНОН СОХТА МЕШАВАД

12.01.2026
print

10 январи соли 2026 дар маркази ноҳияи Деваштич – шаҳраки Ғончӣ ба сохтмони бинои маркази ҷавонони ноҳия санги асос гузошта шуд.

Бинои мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии сокинон, баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ баён доштанд, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар оғози корҳои сохтмонии иншооти мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Деваштич-муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази ҷавонони ноҳия аз 3 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа аз хуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ барои ҷавонон фароҳам оварда мешавад.

Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида бунёд мегардад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Деваштич имкони васеъ дар самти забономӯзӣ, аз худ кардани нозукиҳои технологияи муосир, ҳунарҳои гуногун ва ташкилу баргузории маҳфилу чорабиниҳо фароҳам оварда мешавад.

Ҷавонони ноҳия барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста арзи сипосу миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

 

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code