Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни бостонии Садаро ба кулли сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон дастурхони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам.
Боиси ифтихор аст, ки дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну идҳои миллӣ дубора эҳё гардида, таҷлили онҳо дар сатҳи милливу давлатӣ барқарор гардид.
Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд» .
Бояд қайд намуд, ки иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии аҷдодони мо ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр (офтоб) истиқбол гирифта мешуд.
Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодони мардуми мо қарор дошта, аз замони дуру дарози таърих маншаъ мегирад. Сада рамз ё пайки баҳор, айёми зебошавии табиат ва оғози кишту корӣ деҳқон мебошад. Ба истиқболи ин рӯзи муборак ғаллакорон боғу токпарварон, чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишварамон саҳми намоён мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Маросиму суннатҳои ин ҷашни бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд.
Дар мавсими зимистон ва анҷоми чилла фаро расидани иди Сада басо рамзӣ мебошад. Таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди ноҳия дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд.
Дар ҳамин ҷо бояд қайд намоям, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба ноҳияи Деваштич ҷалб намуда, таъкид намуданд, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Деваштич дар соли 2025 заҳмату талошҳои зиёд намуда ба нишондодҳои назаррас ноил гардиданд.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ саҳми кишоварзон, кормандони соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва дигар қишрҳои ҷомеаро махсус таъкид намуда, ҳар яки моро ба идомаи фаъолияти пурсамар, истифодаи самараноки имкониятҳо ва саҳмгузории боз ҳам бештар дар ободонии Ватан ҳидоят намуданд.
Ҷавобан ба ин боварии Пешвои муаззами миллат мардуми заҳматкаши ноҳияи Деваштич бо руҳияи созанда дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ин мақсад кишоварзон ва деҳқонони ноҳия баҳри қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо картошкаи босифат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, аз ҳозир омодагии ҳаматарафа мебинанд, то ин ки бо истифодаи самараноки замин ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварамон саҳм гузоранд.
Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.
Бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни бостонии тоҷикон – Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, сулҳу субот ва файзу баракат ва дастархони пурнозу неъматро таманно менамоям.
Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест