3 декабр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо гурӯҳи варзишгароне, ки дар Чемпианати ҷаҳон ва Осиё иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд, вохӯрӣ намуд. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш варзишгаронро бо дастовардҳои навашон табрику муборакбодӣ намуда, қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳури қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешавад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар моҳи ноябри соли равон дар соҳаи варзиши ноҳия варзишгарони мо ба дастовардҳои зиёд ворид намуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Кароматулло Қурбонов дар ҷемпианати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ , ки дар шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, дар вазни 68 кг иштирок намуда, дар байни намояндагони 45 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм гашта Парҷами Тоҷикистонро боло бардошт. Инчунин дар намуди варзиши Муай – тай бо роҳбарии мураббии шоистаи Чумҳурии Тоҷикистон Замир Юлдошев дар чемпионати Осиё , ки дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, варзишгарон Муҳаммад Сафаров соҳиби ҷойи дуюм, Мирҳусейн Оқилзода , Сино Хайруллоев ва Маҳмудҷон Мавлонзода соҳиби ҷойи сеюм гаштанд. Дар…
Субҳи 3 декабр бо мақсади сазовор истиқбол намудани варзишгарони ноҳияи Деваштич, ки дар Чемпионати Ҷаҳон ва Осиё сазовори ҷойҳои намоён гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, дар даромадгоҳи ноҳия чорабинӣ баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Мирсабур Абдуллоев, директори муассиса Назирҷон Комилов, мураббиён ва пайвандони варзишгарон иштирок намуданд. Муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода варзишгаронро бо ин дастоварди навбатӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ин муваффақиятҳо самараи давлати соҳибистиқлол, дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон ба мураббиён барои заҳмати софдилона, роҳнамоӣ, тайёр намудани варзишгарони лаёқатманд ва баланд бардоштани нуфузи ноҳия дар арсаи варзиши байналмилалӣ изҳори сипосмандӣ карда шуд.
Тақсими туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд оғоз гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, тақсими ин туҳфаи маънавии беназир 27 ноябр аз ҷониби гурӯҳи корӣ оғоз ёфт. Зимнан, ин туҳфаи бебаҳо ба 37 ҳазору 609 хонадони ноҳия тақдим мегардад. Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми наҷиб ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Ҳадафи он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад. Шоҳасар дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр шудааст. АМИТ «Ховар»
Субҳи 22 ноябр сокинони касбу кори гуногун ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия роҳпаймоии идона барпо намуданд. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири шӯъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Худойдодзода, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ноҳия, кормандони муассисаҳои давлатӣ, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, варзишгарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон…
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба ин санаи фархунда, яъне 22-ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири шӯъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Худойдодзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорону фаъолон, омўзгорон, хонандагон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси ноҳия иштирок намуданд. Чорабинӣ ба толор даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баромад намуда, кулли ҳамдиёнро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ таҳрир ва қабули рамзҳои давлатӣ, ки ифодагару инъикоскунандаи Истиқлол мебошанд, ба миён овард. Мавриди зикр,аст, ки санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дод ва…
Ҳамдиёрони азиз! Бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли сокинони ноҳияро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодакунандаи рамзи Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари азизамон мебошад, табрику муборакбод менамоям. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист. Парчамдори, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид, барои миллати фарҳангдӯсту соҳибтамаддуни тоҷик суннати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии хешро 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб қабул намуд, ки минбаъд он муаррифгари кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Мо хеле хушбахтем, ки дорои Парчами миллии худ ҳастем. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар қатори парчамҳои дигар давлатҳо Парчами Тоҷикистони мо низ парафшонӣ мекунад ва ҷаҳониён ба он арҷ мегузоранд. Дуруст аст, ки Парчамро яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва нишони ҳастии миллату давлатҳо ном мебаранд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз азал дорои парчами худ буду ҳамеша баҳри ҳифзу…
20 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварати корӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раис ва мувинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони шӯрои маҳаллаҳо, раисони хлҷагиӣои калонхаҷм, имомхатибон ва дигар масъулони соҳаҳо ширкат варзиданд. Нахуст Раиси ноҳия ба фаъолон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд ва мулоқот бо фаъолони вилоят, 19 ноябри соли равон баён доштанд, ба самъи ҳозирин расонида, иҷрои саривақтиву босифати онро дастури худро доданд. Сипас, роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба зимистон, вусъати корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтии андоз, иҷрои нақшаҳои пешбинишудаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обуна ба нашрияҳои давлатӣ, муҳимтар аз ҳама таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад. Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Деваштич аз 17.09.2025, №546 санаи 20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷиҳати муайян намудани мутобиқатии малакаи кории хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо иштироки муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ фаъолият, тибқи дастурамал ва уҳдадориҳои мансабӣ, донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсиш ба амал оварда шуд.
20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштирки Раиси комиссия – муовини Раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина ва сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Набзи Деваштич” эълон таҳия ва нашр гардида, аз ҷониби 5 нафар довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардиданд. Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо ҳамаи довталабон дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд. Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд. Тибқи тартибот натиҷаи озмун пас аз 3 рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.
16-уми ноябр тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар қисми низомии 04533 ва қисми сарҳадии 0214 РҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардида, дастархони идона ороста шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода иштирок доштанд. Сараввал Раиси ноҳия кулли афсарону сарбозони шуҷои Ватанро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табруку муборакбод намуда, қайд намуд, ки сарбозону афсарон дар роҳи пуршарафу боифтихор – ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд. Хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда, саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон дар…