ДЕВАШТИЧ: ДАР ДЕҲАИ ОБИБОРИК БИНОИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ АЗ НАВ БАРҚАРОР ГАРДИД.

Санаи 25-уми сентябр дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Боло   маросими супоридани бинои аз нав барқароркардашуда   баргузор гардид. Он ба муносибати  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон бахшида шуда, бо иштироки  Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода  ба истифода дода шуд. Бунгоҳи саломатии деҳаи Обиборик аз ҳисоби шахсони саховатпешаю соҳибкорони маҳаллӣ  ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботҳои замони муосир таъмиру таҷдид гардида, фаъолияти он  мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Бояд зикр намуд, ки барои бунёди бинои мазкур саҳми соҳибкорон, муҳочирони меҳнатӣ ва  бародарон  Маҳмудовҳо, Ҷумъаев Ҳалим, Яҳёев Яҳё, Охунов  Облоқул, Шокиров  Наимҷон хеле  назаррас буда,  дар идома  барои заҳмату меҳнатҳои шахсони номбурда аз ҷониби Раиси ноҳия сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардид. Дар ноҳияи Деваштич  даҳҳо  биноҳои  таъиноти  иҷтимоидошта бунёд  гардид, ки  он заминаи асосӣ барои пешрафти ноҳия мансуб буда, чунин ободкориҳо на танҳо барои рушди деҳаю ноҳия балки барои пешрафти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

ДЕВАШТИЧ: ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ИДОМА ДОРАД…

Моҳи сентябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода  дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҷамъоварии ҳосили картошка  дидан намуданд. Кишоварзони деҳаи мазкур баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозорҳои маҳаллӣ бо картошка ҳаматарафа кӯшиш намуда, бо истифода аз тухмиҳои босифат дар қитъаи замин кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Зимни суҳбат Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки картошкаи дар ин деҳа истеҳсолшаванда дар мамлакат серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо картошка назаррас аст. Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диқати махсус дода мешавад. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст. Деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.

ТАШРИФИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Санаи 23 сентябри соли равон Вазири кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич  ташриф овард. Вазири кишоварзиро раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва роҳбарону масъулони сохаи кишоварзӣ истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда ба кишоварзон маслиҳату тавсияҳо дод.  То соҳаи кишоварзӣ рушд карда, барои таъмини бозорҳои дохилию хориҷӣ  ва истеҳсоли маҳсулотҳои босифат мусоидат намояд. Мақсад аз ташрифи Вазири кишоварзӣ  дидан намудан аз  маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сӯҳбат намудан бо  кишоварзони ноҳия мебошад.

КОНФРЕНСИЯИ XXII-и ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶЛОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллои Рӯдакии маркази ноҳия Конференсияи XXll  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ки дар асоси Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич аз 30 -юми майи соли 2024 даъват гардида буд, баргузор гардид. Дар кори Конференсия Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилиён Комрон Исмоилзода, мушовири  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар Конференсияи мазкур вакилон аз  ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич тибқи меъёри муқарраргардида роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд. Кори Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной  ифтитоҳ намуда, сипас ҳайати кории раёсати Конференсияро муаррифӣ намуд. Тибқи рӯзномаи Конференсияи XXll-и  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд: 1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда”; 2. Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар давраи ҳисоботӣ; 3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 4. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 5. Интихоби…

КУРСИ ОМӮЗИШӢ: ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РАИСИ НОҲИЯ ДАРС ГИРИФТАНД
Аксҳо , Хабарҳо / 19.09.2024

   18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат!” баргузор гардид.  Дар он  Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва масъулону кормандони шуъбаҳои дахлдори мақомот иштирок  намуда, ҷавонони  фаъолу лаёқатманд низ  ҷалб гардиданд. “Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистон” ин мавзӯи нахустини курси омузишӣ буд, ки раиси ноҳия онро  баррасӣ намуда, аз кору фаъолият ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф заданд. То ҷавонон  аз таъриху ниёгони хеш огоҳ шуда, ба қадри тинҷиву озодӣ ва истиқлоли миллат бирасанд. Курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар асоси барқияи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия  ташкил гардида,  барои  баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дар ин замина  тарғиби арзишҳои миллӣ  равона гардидааст.   Давомнокии курси мазкур  се моҳ буда,   23 мавзӯи дигар  аз ҷони масъулону роҳбарон баррасӣ хоҳад шуд.  Мақсад аз ташкили курси омӯзишӣ омода намудани кадрҳои ҷавон ба хизмати давлатӣ  мебошад.  То  мушкилоти нарасидани кадрҳои ҷавон   бартараф карда шавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти  курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат”   маросими супоридани шаҳодатнома  ба таври тантанавӣ доир гардида,  хатмкунандагони курси мазкур соҳиби…

ИҶЛОСИЯИ БИСТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 18 сентябри соли 2024  дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси  ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум вакилони маҷлиси вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Инчунин, дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят  Аминҷон Абдуллозода иштирок намуд. Дар асоси  рӯзномаи маҷлис масъалаҳои дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.10.2023, №314 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳия, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум оид ба масъалаҳои масоили оила, занон ва пешгирии хушунат дар оилаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бахт” №2 Равшаной Маъмурзода оид ба фаъолияти вакилиаш ва тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия мавриди  баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи…

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз! Мо дар арафаи ҷашни Истиқлол қарор дорем, аз ин рӯ кулли сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштичро бо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар хонадони ҳар яки Шумо – ҳамдиёрони азиз, файзу баракат ва шодмониву нишоти рӯзгор хоҳонам. Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳаёти пурифтихори худ тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла кулли мардуми ноҳияи Деваштич ифтихор аз он доранд, ки сиву се сол қабл, нахустин хиштҳои девори Истиқлоли давлати воқеӣ ва давлатдории миллии хеш гузошта шудааст ва бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандона, дурандешонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо соҳиби муқаддасоти  миллӣ гардидем. Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Истиқлолият дар як муддати кутоҳ  ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Имрӯз мардуми шарафманди нохия дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузургу таърихӣ ва муқаддаси   33 –…

СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

    Дар арафаи соли  нави хониш дар муассисаи таълимии рақами 61-и деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич   маросими ба истифода супоридани синфхонаҳои  аз нав таъмиргардида  баргузор гардид.  Дар он  Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда,  қайд намуданд, ки дар арафаи соли нави таҳсили 2024 -2025  дар муассисаи таълимии мазкур  6 синфхона  ва 2 бинои  маъмурӣ  пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри квадратӣ ҷойгир буда,  барои таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳо  беш  аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ  сарф карда шуд, синфхонаҳои муассиса бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Юлдошев Улуғбек, Ҷӯраев  Мурод, Турдиалиев  Шавкат  бунёд гардида,  устоҳои деҳа,  Муҳаммадиев Нӯъмонҷон,  Ҳасанов Ғайрат,   Отақӯзиев Шерматбек,  Муҳаммадиев Азимҷон барои азнавсозии синфхонаҳо  саҳми арзанда гузоштанд.  Ин амали хайр барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон  мусоидат намуда,  дар оянда  сатҳу сифати дониши хонандагон баланд хоҳад шуд.  Бояд зикр намуд, ки дар муассисаи мазкур 482 нафар хонандагон  таҳсил намуда, 36 нафар омӯзгорон  фаъолият мебаранд.

МАКТАБИ НАВ БУНЁД ГАРДИД!

Санаи 27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии мактаби мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Комилов Давлатҷон иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ карда, ҳамаи  хонандагону омӯзгоронро табрику шодбош намуда, сохта ба истифода додани  муассисаи мазкурро дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ амали нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 66-рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин  иқдом  мушкилии сокинони деҳаро осон намуд.  Зеро  240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд,  ки  он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд. Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид, ки  ин муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона  ва майдончаи варзишӣ, 25 нафар кормандон, аз он 12 нафар кормандони педагогӣ ва 13 нафар кормандони техникӣ…

Исфара – флагман таджикской экономики в Ферганской долине
Аксҳо , Хабарҳо / 24.11.2022

Город впервые был назван «Исфара» в «Истории Табари» в X веке Автора статьи подтолкнул на написание эссе об Исфаре, информация о важности города не только для всей таджикской экономики, но и для стран Центральной Азии. Судя по данным открытых источников, которые приводятся ниже, Исфара во все времена играла роль авангарда в ремесле, сельском хозяйстве, патриархальной экономики в период СССР и в особенности во времена Независимости Таджикистана.