28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Деваштич бо рафти кишти картошка шинос гардид. Дар ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарвари мамлакат ба шумор меравад, сол ба сол майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 9 ҳазор гектар картошка кишт хоҳад шуд, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар бештар аст. Таъмини заминҳо бо оби полезӣ аз масъалаҳои муҳим буда, дар деҳаи Басманда 12 километр хатти оби полезӣ бунёд шуда, 500 гектар замини қаблан аз об маҳрум шодоб мегардад. Чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки масоҳати кишти зироатҳо зиёд гардад. Аснои шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва суҳбат бо сокинони деҳа Раиси вилоят ин иқдомро самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, зикр намуд, ки обёрии заминҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка мусоидат хоҳад кард. Картошка, ки онро “нони дуюм” меноманд, дар сабади истеъмолии аҳолӣ мақоми хос дошта, аҳамияти хӯроквории он бештар мегардад. Обу ҳавои мусоиди деҳаи Басманда барои парвариши картошка мусоид буда, обёрии заминҳои ташналаб боз ҳам имконияти афзоиши истеҳсолро фароҳам месозанд. Тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич бояд ба 500 ҳазор тонна…
28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафар карда, бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бунёд, таъмир ва навсозии 583 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 438 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст. Тибқи иттилои масъулон корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда бо маром идома дорад. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод. Чуноне иттилоъ дода шуд бино бо саҳми соҳибкорон ва аъзову пайравони ҳизб сохта шуда, қисми зиёди корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст ва бо ба истифода додани он барои кормандони кумиҷроия шароити арзандаи корӣ фароҳам хоҳад шуд. Раиси вилоят аз маркази ноҳия ба деҳаи Қалъаи Дӯст омада, бо сокинон сӯҳбатҳо анҷом дод. Тазаккур дода шуд, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии диёри худ саҳми арзанда мегузоранд. Бунёди бинои нави Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат яке аз намунаҳои чунин корҳои бунёдкорӣ мебошад. Раиси вилоят зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ саҳми соҳибкоронро…
23 апрели соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Ашуралӣ Ҷалилзода бахшида Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ- атомии Чернобил чорабинӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар бартарафсозии садама ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда 15 нафар ҷавонони шуҷоъ, аз ҷумла 1 нафар донишҷӯи мактаби милитсия, 13 нафар сарбоз, 1 нафар партизан саҳми арзандаи худро гузошта буданд Аз онҳо 13 нафар иштирокчиён ин садама дар қайди ҳаётанд ва 2 нафар вафот намудаанд. Зимни вохурӣ раиси ноҳия вазъи саломатӣ ва муаммоҳои ҳар яки онҳоро дар алоҳидагӣ пурсида шуд. Таъкид гардид, ки вожаи вазнини садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернубил яке аз воқеаҳои мудҳаштарин буда, баҳри бартарафсозии садама ва пешгирии заҳролудшавии муҳити зист тамоми чораю тадбирҳои таъҷилӣ андешида буданд. Дар бартараф сохтани садама сокинони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ бо амри виҷдону иродаи қавӣ ихтиёран ба мавзеи паҳншавии ин фоҷиаи табии рафта, ба зарардидагон кӯмаку дастгирии амали расонидаанд. Дар як муддати кӯтоҳ садама бартараф карда шуда, сокинони гирду атрофи мавзеи Нерӯгоҳи барқи-атомии Чернобил ва маҳалҳои аҳолинишини наздики он бударо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Таъбирҳои зиёди пешгирӣ аз заҳролудшавӣ пай дар пай гузаронида шудаанд, ки бори дигар дӯстию ҳаммаромии халқҳои ҷумҳуриҳои…
16-уми апрели соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустии ноҳия, раисони хоҷагиҳои калонхаҷми кишоварзӣ, раисони шӯрои маҳаллаҳо ва имомхатибон иштирок намуданд. Ҷаласаи ҷамъбастиро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар семоҳаи аввали соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда буданд, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Дар ин марҳала нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия афзуда, татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ноҳия равнақ ёфт. Дар натиҷаи амалӣ намудани силсилаи тадбирҳо заминаи рушди устувори ҳамаи соҳаҳо гузошта шуд. Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон муовини Раиси…
Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 15 апрели соли 2025 дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи “Лоиқ Шералӣ” мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилояти Суғд доир гардид, ки дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассис шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзоғуфрон Ғафуров ширкат варзид. Нахуст Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, ба донишҷӯён, ки ҳама аз ноҳияи Деваштич мебошанд, доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, дастоварду пешравиҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақшаву стратегияҳои дарназардошташуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Вобаста ба Истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ҳифзи марзу буми Ватан аз арзишҳои муҳим арзёбӣгардида, бо ёдоварӣ аз таърихи истиқлолияти кишвар, сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, саркардагони он, ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои манфиатхоҳу иртиҷоӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати ин неъматҳои бебаҳо бетараф набошанд ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша тадбирҳо андешанд. Дар суханронии хеш Раиси ноҳияи Деваштич махсусан заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди аз байн бурдани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, овардани гурезагон, барқарор кардани сулҳу субот ва минбаъд ба роҳ мондани рушди бомайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисолҳои…
10 апрел Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни сафари корӣ аз вазъи гузаронидани лӯлаҳои об барои обёрӣ намудани заминҳои лалмии саҳрои минтақаи Қалъаи Дӯст дидан намуд. Лӯлаи об аз ҳудуди деҳаҳои Овчӣ, Угук ва Басманда дар масофаи 21 км гузаронида шуда, дар назар аст, ки дар натиҷа 200-250 гектар замини лалмӣ бо оби полезӣ таъмин мегардад. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Раиси ноҳия аз рафти кор шиносоӣ пайдо намуда, бо яке аз ташаббускорони ин иқдом Эркабой Носиров, ки сокини деҳаи Қалъаи Дӯст мебошад суҳбат намуда, барои нақшаи саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос намуда, оиди дуруст ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Хушбахтона, ин гуна ташаббускорӣ ва иқдомҳои созанда дар ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъана даромада, боиси дастовези арзанда ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Ҷамшед Мелибоев ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид, ки дар ҷаласа Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, аъзоёни Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа рафти рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи молияи давлатӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми Шӯро сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Дилафрӯз Баҳодурзода суханронӣ намуда, оид ба рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи молияи давлатӣ”дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод. Инчунин дар муҳокима ёрдамчии прокурори ноҳия Зараф Ҷаҳонгирзода шунида шуд. Сипас, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда аз масъулини соҳаи маорифу тандурустӣ, ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо пурсиш ба амал оварда шуда, барои самаранок амалӣ намудани қонуни болозикр супоришҳо дода шуд. Дар фарҷоми Шӯро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ибрози андеша намуд. Бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Деваштич ҷамъбаст…
2-юми апрели соли равон дар майдони “Муҷассамаи Деваштич”-и шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели навдаъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо ширкат варзиданд. Сараввал Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Таъкид гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад. -Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат…
Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ба ифтихори санаҳои фархундаву миллӣ, аз ҷумла ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва бунёди иншооти гуногун авҷи тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд. 22 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан ба сохтмони муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд. Бинои нав бо дастгирии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони маҳалӣ бунёд карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Раиси ноҳия ҷиҳати анҷом босифати корҳо ва бунёди бинои дуошёна барои 200 нафар тарбиятгирандагон тавсияҳо дод. Ҳоло дар ноҳия 8 кӯдакистон фаъолият дошта, 1430 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода дар суҳбат бо сокинони деҳа зикршуда иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин бунёд кардани як муассисаи томактабӣ вазифагузорӣ карда шудааст ва барои иҷрои ин супориш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. Бунёди кӯдакистонҳои нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинону соҳибкорони ватандӯст амалӣ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтан наздик 20 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат дошта, дар…
22 марти соли 2025 дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун маросими ифтитоҳи пули мошингузар баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи пули мошингузар Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода ва сокинони деҳаи Истиқлол иштирок намуданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни ифтитоҳи пули мошингузар иброз дошт, ки бунёди роҳу пулҳо дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Зеро бунёди роҳу пулҳо аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду сохтмони роҳу пулҳо эътибори зарурӣ дода, аз ҷумла ба масъулин дастур дода буданд, ки дар партави вусъати корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созанда корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳу пулҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд. Сохтмони пули мошингузар дар деҳаи…