СОКИНОНИ МЕҲНАТҚАРИНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ НАМУДАНД

Наврўз яке аз қадимтарини иди миллии тоҷикон мебошад. Ҷашни Наврўз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва кўҳинтарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврўз иди баҳор ва соли нав аст. Бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврўз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. 22 марти соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Деваштич чорбании идона бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода чорабини фарҳангии идона баргузор гардид. Сараввал меҳмонон дар даромадгоҳи варзишгоҳи марказии ноҳия бо маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, таъомҳои милливу либосҳои тоҷикона, бозиҳои варзишӣ ва расму оини маҳаллии сокинони ноҳия ба намоиш гузошта шуда буд, боздид ба амал оварданд. Дар оғози чорабини Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, кулли иштирокчиёни чорабинӣ ва ҳамдиёронро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз табрику муборак бод намуд. Раиси ноҳия дар суханронии худ, таъкид намуданд,…

ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Хабарҳо / 26.03.2025

Санаи 22 марти соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич маросими қадрдонии собиқадорони арсаи меҳнат аз ҷониби Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баргузор гардид. Сараввал Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода собиқадоронро бо соли нави аҷдодӣ, ҷашни бузургу мубораки Наврӯз шодбош гуфта, қайд намуд, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманд, солдида, соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва эшон дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз – ро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, ки собиқадорон ва аҳли заҳмат ҳамеша дар мадди назари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Зимни суҳбат пирони рӯзгордида шукронаи Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлоламон дуои нек карданд. Дар фарҷом собиқадорон бо кӯмаки яквақтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ қадрдонӣ карда шуданд.

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Хабарҳо / 21.03.2025

20 марта дар толори қабули расмии мақомоти иҳроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз маросими супоридани стипендии Раиси ноҳияи Деваштич ба толибилмони муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ в гимназииҳо баргузор гардид. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷлилзода зимой тақдими стипендияҳо ба толибилмони муссисаҳой таълимӣ и броз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони ноҳияи Деваштич дар таҳкими пояҳои давлатдоре, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиесати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич нақши муҳим доранд. Таваҷҷўҳ ба фаъолияты ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии кавонон имрўз каке аз муҳимтарин самтхой сиесати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенты Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон дар қаламрави кишвар этибори лучше всего зохир гардида, и қтидор ва имкониятҳой онҳо барои пешрафти самтҳой и доракунии давлате босамар истифода мегардад. Дар вазъияти тантанавӣ ба 55 нафар толибилмони муссисаҳои таҳсилоти умумӣ в гимназии, ки аз ҷониби комиссия по интихобу в пешбаре шуда будет, дар маҷмуъ 20 ҳазор сомонӣ стипендияҳо супорида шуд. Дар охир ҷавон из ҳор доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо пайваста мекшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРЎЗ
Хабарҳо / 21.03.2025

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯзҳо дар фазои тантанавӣ ва зери осмони мусаффои Ватан мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору шодмонӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу амонии кишвар ҷашни байналмилалии Наврӯзро, ки муҷдарасони эҳёи табиат, баҳори гулрез ва оғози мавсими киштукор арзёбӣ мегардад, таҷлил менамоем. Фарорасии ин ҷашни бостониро, ки бо қудуми хуҷастаи худ, ба қалбҳо шодиву нишот ва меҳру муҳаббати беандозаро эҳдо менамояд ва ба кулли сокинонро табрику муборакбод намуда, сиҳатмандиву осоиш ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем. Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон бо қадамҳои сабзу баҳоронаи худ, ба меҳмонӣ омадааст, дар ҳақиқат дар байни расму оинҳо куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни муборак, ки аз ҷониби аҷдодони мо асос гузошта шудааст, дар масири таърих на танҳо ба мардум, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукор ва зиндашавии табиатро мерасонад. Мо ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ба ҳисоб рафта, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун мероси бузурги фарҳангӣ эҳёи тоза гирифт. Боиси ифтихор аст, ки дар баробари мардуми шарафманди кишвар сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Деваштич…

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА
Хабарҳо / 14.03.2025

Кормандону собиқадорони мақомоти прокуратура! Ҳамасола тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 14-уми март ҳамчун Рўзи кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад, кулли кормандони прокуратура ва собиқадорони соҳаи прокуратураро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик намуда, бароятон сарбаландӣ, сиҳатмандӣ, бахту саодат ва дар адои вазифаи пурмасъулият баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно менамояд. Ташаккули мақомоти прокуратура ба вазъи таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии давраҳои муайяни тараққиёти ҷомеа вобаста буда, дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократия, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Зеро, дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ – конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муайян шуд. Зикр бояд намуд, ки Асосгузори сульу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор…

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Хабарҳо / 13.03.2025

12 марти соли 2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати Раиси ноҳия, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар кори иҷлосияи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Султон Раҳмонзода, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, фаъолони ноҳия ва дигар шахсоне, ки вакил нестанд, вале ба масъалаҳои иҷлосия дахл доранд, иштирок намуданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ нахуст гузориши Даврон Зикруллоев, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки 2 марти соли 2025 дар 40 ҳавзаи интихоботӣ интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич доир шуд. Дар маҷмуъ 116510 нафар ҳамчун интихобкунанда ​ба қайд гирифта шуда буд, дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд. Сипас, ваколати 40 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати ҳафтум тасдиқ гардид ва вакилони тозаинтихоб дар назди халқу давлат савганд ёд карда, омодагии хешро ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳор намуданд. Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия…

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Хабарҳо / 11.03.2025

11 марти соли равон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ва қадрдонии як қатор кормандони васоити ахбори оммаи ноҳия баргузор гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, собиқадорони соҳаи матбуот, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Нахуст, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуотро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат таҳният намуда, зикр дошт, ки ҳамасола чун анъана сар то сари ҷумҳурӣ санаи 11 март ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик- иди касбии рўзноманигорон таҷлил карда мешавад. Зикр дошт, ки матбуот аслиҳаи тавоною нерўи бузурги тарғиботу ташвиқот, воситаи ба хештаншиносиву ватанпарастӣ даъват намудани ҷамъият ва тарбияи маънавию ахлоқии омма маҳсуб ёфта, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи матбуот чун тарғибгари сиёсати берунаю дохилии мамлакат, паҳнкунандаи фарҳанг, сулҳ ва дастовардҳои муҳими ҷумҳурӣ, мусоидаткунанда ба инкишофи иҷтимоию фарҳангии ҳаёти халқ баҳои баланд медиҳанд. Вобаста ба ин рўзномаҳои ноҳия “Набзи Деваштич” ва “Пайғом”дар инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ноҳия саҳми арзанда доранд. Кормандони соҳаи матбуот бо дарки маъсулияти баланди касбӣ баҳри инъикоси ободиву созандагӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Муҳтарам кормандони васоити ахбор! Бо мақсади қадршиносии кормандони васоити ахбори умум ва аҳли қалам ҳамасола саросари кишвари азизамон санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеъияти рӯзгор нақши муассир дорад. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб намуда, ба соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир карда мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши матбуот дар ҷомеаи муосир баҳои арзанда дода, таъкид доштанд: “Манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошад, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд”. Агар ба таърихи Рӯзи матбуот назар афканем маълум мегардад, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ба нашри нахустини рӯзномаи “Бухорои Шариф”, ки 11-марти соли 1912 интишор шудааст, алоқамандии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ба ифтихори…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Хабарҳо / 08.03.2025

 Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!  Ҳозирини гиромӣ! Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони ноҳия, бахусус модарону бонувон ва духтарони диёри маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ, хонаободиву сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Зан-Модар баён намудаанд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед». Дар  сатҳи баланд бо тантанаву  шукӯҳи хосса ҷашн  гирифтани Рӯзи модар  ин нишонаи  эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати  мамлакат нисбат ба модарону занон  мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.  Имруз нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Аз ин рӯ, имрузҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо…

АЁДАТИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ СОБИҚАДОР БО МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

7 марти соли 2025 Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати Рӯзи Модар чанде аз занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доштанд, аёдат намуд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҷумла ба манзили истиқоматии сокини шаҳраки Ғончӣ Лола Холова, сокини деҳаи Қалачаи Азими Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Изолат Қӯзиева, сокини деҳаи Хоҷа Тоҳири Ҷамоати деҳоти Яхтан Робия Рустамова, сокини деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷун Гулнора Эгамбердиева ташриф оварда, бонувони иззатмандро ба ифтихори ҷашни фархунда – Рўзи Модар самимона табрик гуфт. Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди занон дар ҷомеа мебошад. Воқеан ҳам модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерўбахши рўҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогўи ҷон, дили пурмеҳре дорад, ки чун офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад. Маҳз, ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Қайд карда шуд, ки занону модарон бо худфарсоиву ҷоннисорӣ ва муҳаббату меҳрубонӣ илова бар тарбияи насли ояндасоз барои пешрафти…