ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДОИР ГАРДИД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Ҷамшед Мелибоев ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид, ки дар ҷаласа Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, аъзоёни Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа рафти рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи молияи давлатӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми Шӯро сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Дилафрӯз Баҳодурзода суханронӣ намуда, оид ба рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи молияи давлатӣ”дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод. Инчунин дар муҳокима ёрдамчии прокурори ноҳия Зараф Ҷаҳонгирзода шунида шуд. Сипас, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда аз масъулини соҳаи маорифу тандурустӣ, ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо пурсиш ба амал оварда шуда, барои самаранок амалӣ намудани қонуни болозикр супоришҳо дода шуд. Дар фарҷоми Шӯро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ибрози андеша намуд. Бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Деваштич ҷамъбаст…

ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ ГУСЕЛИ НАВҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДОИР ГАРДИДАНД

2-юми апрели соли равон дар майдони “Муҷассамаи Деваштич”-и шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели навдаъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо ширкат варзиданд. Сараввал Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Таъкид гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад. -Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат…

ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАЗОР БА СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ба ифтихори санаҳои фархундаву миллӣ, аз ҷумла ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва бунёди иншооти гуногун авҷи тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд. 22 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан ба сохтмони муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд. Бинои нав бо дастгирии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони маҳалӣ бунёд карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Раиси ноҳия ҷиҳати анҷом босифати корҳо ва бунёди бинои дуошёна барои 200 нафар тарбиятгирандагон тавсияҳо дод. Ҳоло дар ноҳия 8 кӯдакистон фаъолият дошта, 1430 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода дар суҳбат бо сокинони деҳа зикршуда иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин бунёд кардани як муассисаи томактабӣ вазифагузорӣ карда шудааст ва барои иҷрои ин супориш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. Бунёди кӯдакистонҳои нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинону соҳибкорони ватандӯст амалӣ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтан наздик 20 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат дошта, дар…

ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МУҶУН ПУЛИ МОШИНГУЗАР МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

22 марти соли 2025 дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун маросими ифтитоҳи пули мошингузар баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи пули мошингузар Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода ва сокинони деҳаи Истиқлол иштирок намуданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни ифтитоҳи пули мошингузар иброз дошт, ки бунёди роҳу пулҳо дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Зеро бунёди роҳу пулҳо аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду сохтмони роҳу пулҳо эътибори зарурӣ дода, аз ҷумла ба масъулин дастур дода буданд, ки дар партави вусъати корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созанда корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳу пулҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд. Сохтмони пули мошингузар дар деҳаи…

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №18 ДЕҲАИ ДАРХОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Дар асооси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободону бунёдкори ва дар ин замина бо нишондиҳандаҳои назаррас, сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саҳоватпеша хуб пазируфта ҷиҳати бунёди иншоотҳои гуногун камари ҳиммати баста меҳнати хуб намуданд. Санаи 22 марти соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода дар назди муассисаи таҳсилоти миёни умумии №18-и деҳаи Дархони Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Сараввал Раиси ноҳия мардуми деҳаро бо ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, гуфтанд ки, мардуми меҳнатқарини деҳаи Дархон дар қатори сокинони ноҳиямон дар арафаи ҳар як ҷашни таърихӣ ва иду айём корҳои ободониву бунёдкорӣ ва хайру савобро ба роҳ монда, ҷиҳати бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол гирифтани он меҳнат менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои…

АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ НИЗОМИЮ САРҲАДӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Хабарҳо / 26.03.2025

22 март Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода ба қисмҳои низомию сарҳадии ноҳия ташриф оварда, аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Раиси ноҳия иброз дошт, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити қисмҳои низомии мамлакат сол аз сол беҳтар гардида, Артиши миллии Тоҷикистон ба нерӯи бузурги мудофиавӣ табдил ёфтааст. Таъкид гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат имрӯз ба нерӯи бузург табдил ёфтааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар менамоянд. Дар идома, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди…

СОКИНОНИ МЕҲНАТҚАРИНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ НАМУДАНД

Наврўз яке аз қадимтарини иди миллии тоҷикон мебошад. Ҷашни Наврўз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва кўҳинтарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврўз иди баҳор ва соли нав аст. Бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврўз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. 22 марти соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Деваштич чорбании идона бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода чорабини фарҳангии идона баргузор гардид. Сараввал меҳмонон дар даромадгоҳи варзишгоҳи марказии ноҳия бо маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, таъомҳои милливу либосҳои тоҷикона, бозиҳои варзишӣ ва расму оини маҳаллии сокинони ноҳия ба намоиш гузошта шуда буд, боздид ба амал оварданд. Дар оғози чорабини Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, кулли иштирокчиёни чорабинӣ ва ҳамдиёронро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз табрику муборак бод намуд. Раиси ноҳия дар суханронии худ, таъкид намуданд,…

ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Хабарҳо / 26.03.2025

Санаи 22 марти соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич маросими қадрдонии собиқадорони арсаи меҳнат аз ҷониби Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баргузор гардид. Сараввал Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода собиқадоронро бо соли нави аҷдодӣ, ҷашни бузургу мубораки Наврӯз шодбош гуфта, қайд намуд, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманд, солдида, соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва эшон дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз – ро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, ки собиқадорон ва аҳли заҳмат ҳамеша дар мадди назари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Зимни суҳбат пирони рӯзгордида шукронаи Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлоламон дуои нек карданд. Дар фарҷом собиқадорон бо кӯмаки яквақтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ қадрдонӣ карда шуданд.

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Хабарҳо / 21.03.2025

20 марта дар толори қабули расмии мақомоти иҳроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз маросими супоридани стипендии Раиси ноҳияи Деваштич ба толибилмони муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ в гимназииҳо баргузор гардид. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷлилзода зимой тақдими стипендияҳо ба толибилмони муссисаҳой таълимӣ и броз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони ноҳияи Деваштич дар таҳкими пояҳои давлатдоре, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиесати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич нақши муҳим доранд. Таваҷҷўҳ ба фаъолияты ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии кавонон имрўз каке аз муҳимтарин самтхой сиесати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенты Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон дар қаламрави кишвар этибори лучше всего зохир гардида, и қтидор ва имкониятҳой онҳо барои пешрафти самтҳой и доракунии давлате босамар истифода мегардад. Дар вазъияти тантанавӣ ба 55 нафар толибилмони муссисаҳои таҳсилоти умумӣ в гимназии, ки аз ҷониби комиссия по интихобу в пешбаре шуда будет, дар маҷмуъ 20 ҳазор сомонӣ стипендияҳо супорида шуд. Дар охир ҷавон из ҳор доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо пайваста мекшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРЎЗ
Хабарҳо / 21.03.2025

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯзҳо дар фазои тантанавӣ ва зери осмони мусаффои Ватан мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору шодмонӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу амонии кишвар ҷашни байналмилалии Наврӯзро, ки муҷдарасони эҳёи табиат, баҳори гулрез ва оғози мавсими киштукор арзёбӣ мегардад, таҷлил менамоем. Фарорасии ин ҷашни бостониро, ки бо қудуми хуҷастаи худ, ба қалбҳо шодиву нишот ва меҳру муҳаббати беандозаро эҳдо менамояд ва ба кулли сокинонро табрику муборакбод намуда, сиҳатмандиву осоиш ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем. Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон бо қадамҳои сабзу баҳоронаи худ, ба меҳмонӣ омадааст, дар ҳақиқат дар байни расму оинҳо куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни муборак, ки аз ҷониби аҷдодони мо асос гузошта шудааст, дар масири таърих на танҳо ба мардум, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукор ва зиндашавии табиатро мерасонад. Мо ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ба ҳисоб рафта, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун мероси бузурги фарҳангӣ эҳёи тоза гирифт. Боиси ифтихор аст, ки дар баробари мардуми шарафманди кишвар сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Деваштич…