Нимаи рӯзи 19 феврали соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 январи соли 2025 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини идораи кишоварзӣ, замин, об, ҳифзи муҳити зист, маркази бехатарии озуқаворӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд. Нахуст, Раиси ноҳияи Ашуралӣ Ҷалилзода меҳмонон ва аҳли Раёсатро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаашон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма…
19 феврал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ аз захираи картошка ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ҳамроҳӣ карданд. Тавре мушоҳида гардид, дар аксари таҳхонаи манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои Ваҳдат ва Исмоили Сомонӣ картошка ва ҳам тухмии он захира карда шудааст. Кишоварзони ноҳияи Дешваштич тӯли солҳои охир ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошкаро наздик 1000 гектар зиёд намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва инчунин аз ҷониби худи аҳолӣ заминҳо обёрӣ шуда, кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли картошка чораҷӯӣ менамоянд. Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 12 намуди тухмии картошка парвариш карда мешавад ва тибқи дурнамо деҳқонони ноҳия азм доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аснои боздид зикр намуд, ки…
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд. 2. Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати…
29 январ дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ҷашни Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, техникаҳои кишоварзӣ, созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, намудҳои гуногуни хӯроку хӯришҳои миллӣ ва маҳсули дасти занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ҷашни Сада, ки асосан иди кишоварзӣ ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ мебошад, кишоварзон дар маркази ноҳия ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иброз намуд, ки таърихи ҷашни Сада, дастовардҳои кишоварзони ноҳия, аҳамияти зиёд намудани майдони заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба иҷрои ҳадафи стратегии мамлакат- таъмини амнияти ғизоӣ равона гардидааст. Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ду ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯз ва Меҳргон ҷашни Сада низ аз нав эҳё ва барқарор гардид. Тавре Пешвои миллат иброз намудаанд: «Бо шарофати…
МУФАССАЛ: https://president.tj/event/news/49225
28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ…
26 декабр дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич – Раиси маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон иҷлосияи бисту дуюми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосияи мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибон ва раисони Шўрои маҳаллаҳои деҳаҳо, шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок доштанд. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси маҷлис Ашуралӣ Ҷалилзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сурхоб №34“ ба кори иҷлосия оғоз бахшид. Бо назардошти иловаи масъалаҳо рўзномаи маҷлис тасдиқ гардид. Аз рўи масъалаи якуми рўзнома ҳисоботи Раис ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич дар ёздаҳ моҳи соли 2024 муовини якуми Раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сойча№36” Умар Маҳмадёрзода пешниҳоди ҳозирин карда шуд. Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома оид ба тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2025 ва оид ба иҷрои буҷети шаҳр дар соли…
12 декабри соли 2024 бо садо додани Суруди миллӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Деваштич, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосияи мазкур муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои хифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар оғоз иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешад. Дар ин бора қарори Раиси ноҳия ба тавсиб расидааст ва он ироа карда шуд. Вобаста ба ин, бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати ҳафтум иборат аз 9 нафар таъсис ёфта, барои гузаронидани…
Ҳамасола санаи 7-уми декабр Рўзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад, ба ин муносибат санаи 6 декабр бо ишироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомад баргузор гардид. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли кормандони раёсати Вазорати молия дар ноҳия ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, барояшон тани баофият, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаи пурмўҳтаво ва бомасъулият комёбиҳо таманно намуд. Таъкид гардид, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти штатию молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён маҳсуб мешаванд. -Саҳми кормандони Раёсати вазорати молия дар ноҳияи Деваштич дар татбиқи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дар сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия хеле назаррас мебошад,- иброз дошт Раиси ноҳия Зикр гардид, ки кормандони Раёсати Вазорати…
Муҳтарам кормандон ва собиқадорони соҳаи молия! Ҳамасола бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад, ки он аз таваҷҷуҳу эътибори роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти кормандони ин ҷабҳаи барои хоҷагии халқ зарурӣ шаҳодат медиҳад. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо бо иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти молия табрику муборакбод намуда, барояшон саодати бегазанд, тансиҳатӣ ва комёбӣ дар иҷрои вазифаи хизматӣ таманно дорам. Рушду такомули низоми молиявӣ аз сиёсати меҳварии давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, истифодаи мақсаднок ва босифати маблағҳои буҷавӣ баҳри муваффақона ноил шудан ба ҳадафи асосии давлат – таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат вобастагии калидӣ дорад. Ботадриҷ ва пайваста баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, дастгирии маъюбону ниёзмандон, торафт паст гардидани сатҳи камбизоатӣ нишонаи бомуваффақият амалӣ гардидани сиёсати молиявии давлат мебошад. Аз таваҷҷуҳу эътибори ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти босамари кормандони соҳа аст, ки сол аз сол иди касбии кормандони мақомоти молия дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Нақши кормандони мақомоти молия дар пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он, ки пояи асосии устувории…