ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ СУТУНПОЯҲОИ БАРҚӢ ВА ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ ИСТГОҲҲОИ БАРҚИИ ҶДММ «ИСТАРАВШАН ЭНЕРГО» ОҒОЗ БАХШИДАНД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда, се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст. Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд. Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар ин корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. Дар коргоҳи таъмири тарансформаторҳо 5 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда,…

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АНТИФРИЗИ ҶДММ «КУЛИ САРЕЗ»-РО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи мазкур дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов, бо харҷи наздик як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. Корхона дар масоҳати 22 садяк замин бунёд шуда, дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ин корхона 17 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз ин 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. То ҳол ин навъи маҳсулот барои нақлиёт ва марказҳои гармидиҳӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ҳамзамон дар корхона барои ҷойгир намудани моеи истеҳсолшуда, зарфҳои пластикии 1 ва 4,7 литра аз ашёи хом истеҳсол карда мешавад ва маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳо ҷойгир ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Моеи зидди ях,…

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН МАКТАБ-ИНТЕРНАТ БАРОИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР ВА 4 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд. Иншоот дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, дастрасии ятимонро ба таҳсили босифат таъмин месозад. Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд. Дар маҷмуъ 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд. Иншооти варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машқу тамрин замина мегузорад. Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд интиҳои ташвишу нигаронии онҳо шуда, ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАХШИДА БА РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДОИР ШУД

16 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, фаъолону ҷавонон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Деваштич зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сокинони ноҳияро ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ва ормонии миллати тоҷик табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва санаи муҳими тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ эътироф гардида, нишони арҷгузориву эҳтиром ба заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини истиқрори сулҳ, пешравиҳои назарраси мамлакат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих бо сидқу сарбаландӣ ва тамоми вуҷуди хеш ба ҷой оварда истодаанд . -Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мўҳлати кўтоҳтарин мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта,…

СУХАНРОНӢ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Тавре ки ман дар яке аз суханрониҳои худ зикр карда будам, Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид. Конститутсия сарчашмаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва…

ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинӣ, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба нақши муҳими Конститутсия дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Гуфта шуд, ки ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. “30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид”, -иброз доштанд Сарвари давлат. Ба андешаи Президенти кишвар дар зарфи 30 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин…

ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ: РОҲИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАҲДАТ МУМФАРШ МЕГАРДАД
Аксҳо , Хабарҳо / 06.11.2024

  Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ободкориҳо идома доранд. Санаи 5 ноябр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо корҳои мумфаршкунии роҳ шинос гардиданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат нақша доранд, ки имсол аз гардиши деҳаи Нуробод то маркази Ҷамоат роҳи маҳаллиро бо сифати баланд мумфарш гардида истодааст. Мумфаршкунии роҳи мазкур бо иқдоми сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ шуда, дарозии он 6 км ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, барои иҷрои кор зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ сарф мегардад. Раиси ноҳия зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ҷамоатро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад. Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Аксҳо , Хабарҳо / 06.11.2024

Ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки  имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ҳамин муносибат 5 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳангии Абӯабдуллоҳи Рӯдакии  маркази ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовинони Раиси ноҳия,  Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раисони ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ мамлакат,  собиқадорон меҳнат, фаъолон  ва ҷавонони ноҳия ҷамъомади  тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавӣ  ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёни ҷамъомадро бо муносибати ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронӣ иброз дошт,  ки дар таърихи ҳар як халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки онҳо нотакрор, тақдирсоз ва хотирмон ба ҳисоб мераванд.  Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мо ҳамчун таърихи шаклгирии давлатдории миллӣ…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз! Дар таърихи давлати соқибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки  имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ифтихори таҷлили ин санаи таърихӣ сокинони шарафманди ноҳияи Деваштичро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу менамоям. Солгарди қабули   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост. Мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи мо низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳи башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд. Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соқибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки…