Дар арафаи соли нави хониш дар муассисаи таълимии рақами 61-и деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич маросими ба истифода супоридани синфхонаҳои аз нав таъмиргардида баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда, қайд намуданд, ки дар арафаи соли нави таҳсили 2024 -2025 дар муассисаи таълимии мазкур 6 синфхона ва 2 бинои маъмурӣ пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри квадратӣ ҷойгир буда, барои таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳо беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шуд, синфхонаҳои муассиса бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Юлдошев Улуғбек, Ҷӯраев Мурод, Турдиалиев Шавкат бунёд гардида, устоҳои деҳа, Муҳаммадиев Нӯъмонҷон, Ҳасанов Ғайрат, Отақӯзиев Шерматбек, Муҳаммадиев Азимҷон барои азнавсозии синфхонаҳо саҳми арзанда гузоштанд. Ин амали хайр барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон мусоидат намуда, дар оянда сатҳу сифати дониши хонандагон баланд хоҳад шуд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаи мазкур 482 нафар хонандагон таҳсил намуда, 36 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд.
Санаи 27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии мактаби мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Комилов Давлатҷон иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ карда, ҳамаи хонандагону омӯзгоронро табрику шодбош намуда, сохта ба истифода додани муассисаи мазкурро дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ амали нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 66-рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин иқдом мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Зеро 240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд, ки он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд. Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид, ки ин муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ, 25 нафар кормандон, аз он 12 нафар кормандони педагогӣ ва 13 нафар кормандони техникӣ…
Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ, сулҳу суботи имрӯзу оянда, рушду тараққиёт аз мундариҷа, муҳтаво, сифат ва натиҷаи кори мактаб вобаста аст. Ва «Мактаб нерумандтарин воситаи озод кардани инсон ва нерумандтарин воситаи ғулом кардани инсон мебошад. Дар давлати озод мактаб воситаи озод кардан ва дар ҷамъияти тафаккури маҳдуд воситаи ғулом кардани инсон аст» (В. Либкнехт). Муҳиммияти мактаб – аз ҳафт то ҳаждаҳ соли ҳаёти инсонӣ фурсати бунёди таҳкурсии ҳаёти боқимондаи одам аст. Дар мавриди фаъолияти мактаб гуфтан мушкил аст, ки чӣ дар ҷойи аввал меистад – таълим ё тарбия? Инҳо мафҳумҳои якдигарро пурракунанда мебошанд. Бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин маврид метавон баҳс кард. Лекин ба андешаи мо, дар ҳар ҳолат, тарбия дар ҷойи аввал меистад. Он мафҳуми полисемӣ, ҷамъбастӣ, хулосавӣ ва муайянкунанда аст. Таълим муҳимтарин воситаи системакунонӣ, асоснок намудан, тақвият бахшидани маънавияти инсонӣ, танзимгари ният…
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 январи соли 2024 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонидани гуфтушунидҳои гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас доданд. Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд. Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд. Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи забардаст, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми тоҷик, устод Муҳаммад Осимӣ ҳам ба қатл расонда шудааст.
Дар ҳар кишваре ки тассубу хурофот, нодонӣ, ҷаҳл ва бовармандӣ ба шаклҳои мухталифи истибдод зуҳур мекунанд, дар он сарзамин ҳеҷ ҳаққи озодӣ лабханд нахоҳад зад. Ин ба он маънист, ки озодиро танҳо инсонҳои соҳибдонишу вораста, ки бо кушишу талош ва ҷӯёӣ аз роҳи хираду андеша тавонистаанд худу ҷаҳонро шиносанд дарк карда метавонанд. Миллате, ки барои ӯ вақт ва умр арзише надорад, ӯ наметавонад моҳияти вуҷуди худро дар олами ҳастӣ ташхис бидиҳад. Ҳамчунин ҳеҷ гоҳ кушиш ба харҷ намедиҳад, то ҷойгоҳи худ ва ҷаҳони мавҷудро аз диди арзишӣ баррасӣ намояд, ӯ ҳеҷ замон тан ба фаҳми ҳақиқат нахоҳад дод. Қамве, ки афкори баста ва наандешидану бовармандиро бар шууру андеша тарҷеҳ медиҳад, ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқати олами ҳастӣ даст нахоҳад ёфт, зеро ӯ хислати пӯёиву ҷӯёиро, ки асли моҳиятии инсонанд, маҳдуд карда ё аз он даст кашидааст.Инсон будан ин соҳиби хираду андеша ва тафаккури таҳлилӣ будан ва дар ин роҳ ҳамеша ҷӯёву пӯё будан аст. Вақте инсон хираду андеша тафаккури таҳлилиро аз даст дод, ё аз онҳо даст кашид, шояд махлуқи инсонмонанд аст, вале он чун бардае дар ихтиёри касон қарор хоҳад гирифт. Инсоне, ки наметавонад фаҳму дарки айнӣ аз ҷаҳон дошта бошад, ба тарзи табиӣ он аз кистӣ ва чистии худ,…
(Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ) (Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023) Марди таърихсоз Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ ба назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.
Ҷамолиддин Саидзода, адабиётшинос НАҚШИ ИЛМ ВА АДАБИЁТ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ Дар қиссаву таърих чу озода бихонед, Мақсуд аз озода шумоед, шумоед. Деҳхудо Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динӣ, мазҳабӣ, тарғиби ахлоқи пок, одамият, худшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ ва ғайра хидмат менамуд, по ба пои замон ва талаботҳои он амал мекард, пеш мерафт. Ба хотир биёред, талошҳои олимону адибони моро баъд аз истилои араб, муқовимат ва муборизаи онҳоро ба забони бегона, яъне арабӣ, баргардони осори илмиву адабӣ ба забони арабӣ, барои аз нобудӣ раҳонидан ва баъдан аз нав ба тоҷикӣ тарҷума намудан, хусусан кӯшишҳои Рӯдакӣ ва соири адибони замони Сомонӣ, ки хеле босамар буданд. Дар ин бора устод Саид Нафисӣ чунин гуфтааст: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш огоз карда буд, Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро барои Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсуриву Фаррухиву Асҷадиву Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».