Наворо инҷо бубинед:https://youtu.be/7scMbnb7Rxk
Наворо инҷо бубинед:https://youtu.be/g6MkEdiCO9E
Наворо дар инҷо бубинед:https://youtu.be/6xEPisQabGU
Наворо инҷо бубинед:https://youtu.be/oh8LSFx_t44
Як сол аст, ки наҳзатиҳои террорист бо таъсис додани ПМТ (эътилофи ҷинояткорони наҳзатӣ) дағдаға доранду воҳима мекунанд, ки гӯё муваффақияте ба даст оварда бошанд. Дар ҳамин ҷаласаи САҲА, ки айни ҳоло дар Варшава ҷараён дорад, низ аз номи ҳамин иттиҳоди дуруғини худ зиёд ҳарф мезананд ва мардумро боз бо дуруғпарокании худ гумраҳ карданианд. Дар асл ПМТ чист? ПМТ ин иттиҳоди чанд созмонеси дуруғинест, ки худи раҳбарияти наҳзатӣ пештар ташкил карда буданд ва баъд онҳоро гӯё муттаҳид карданд. Ин такрори ҳамон ИНОТ-и солҳои навадум аст, ки раҳбарияти собиқи наҳзатӣ ташкил карда, чанд ташкилоти дигарро дар худ фуру бурда буд ва бар зидди давлату миллати Тоҷикистон меҷангид. Имрӯз ҳам наҳзатиҳо ҳамон корро мекунанд, танҳо аслиҳа надоранд ва ниҳоят заифанду ба ғайр аз туҳматзанию бадномсозии давлату миллат кори дигаре аз дасташон намеояд.
Дар расму оини тоҷик яке аз вазифаҳои асосии зан, тарбияи хуб додан ба фарзандон ба шумор меравад. Ва барои ҳар як зан боиси ифтихор аст, ки бо обрӯ бо марди тоҷик хонадор шуда зиндагии осудае барпо намояд. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки баъзе аз занҳои тоҷик бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба шавҳар мебароянд. Ба монанди Шабнам Худойдодова, ки ин қадар мардҳои хуш қаду қомати тоҷикро ба назар нагирифта бо пирамарди хориҷӣ Стив Свердлов ба шавҳар баромадааст. Аз ин бар меояд, ки ягон шахсе дар Тоҷикистон пайдо нашуд, ки Худойдодоваро қонеъ кунад. Ин боис гардид, ки ӯ даст ба дасти наҳзатиҳо шуда сарсону саргардон гардад. Ва ҳоло бошад вазифаи асосиаш аз наҳзатиҳо ва Свердлов маблағҳои муфт гирифта талаботҳои онҳоро қонеъ кардан мебошад. Сабаби ба шавҳар баромаданаш бо Свердлов ва ҳамкориаш бо наҳзат пул ба ҳисоб меравад.
Дирӯз матлабе аз ҷониби сомонаи ҳалқабаргӯши ТЭТ ҲНИ “ахбор.ком” зери унвони “Бархурди нав байни намояндаи ҳукумат ва оппозитсияи тоҷик дар Варшава” ба нашр расид. Дар ин матлаби иғвоангез қайд шудааст, ки гӯё рӯзи 20 сентябр дар иҷлосияи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон намояндаи ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон чанд дафъа суханронии намояндаи мухолифин Сулаймон Орзуевро бурид ва изҳор дошт, ки ӯ аз номи созмоне, ки намояндагӣ мекунад, суханронӣ надорад.
Нишасти САҲА дар Варшава бо иштироки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон наҳзатиҳои террористро ба шикаст дучор кард. Фазои сомонаҳои иҷтимоиро чанд рӯзи охир инъикоси ҷараёни баргузории ин нишаст пур карда, асосан ба нокомию ноумедиҳои наҳзатиҳо ангушти ишорат равона гардидааст. Ҳамагон бар ҳоли ин гурӯҳи хиёнаткор механданд, зеро ин натиҷаи амали худи онҳост. Чуноне ки дар урфият мегӯянд “Чоҳкан зери чоҳ” аст. Бо он ки ин гурӯҳи чалласаводон аз худашон алома тарошида мехостанд номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бад кунанд, аммо ҳеҷ натиҷае ба даст оварда натавонистанд, баръакс маълум сохтанд, ки воқеан ҳам аз сулҳу оромӣ ва пешравии кишвар хеле нороҳатанду ба ҳар роҳу восита ҳамаи дастоварҳои бузурги ватанро нодида мегиранд.
CA.TV: Дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баромад доред ва суҳбати Шумо дар кадом мавзӯъ хоҳад буд? А.Раҳнамо: Суҳбате, ки имрӯз ман дорам мувофиқи рузномаи конфронс дар бораи озодиҳои дин, виҷдон ва ақида дар Тоҷикистон аст ва ман ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа суҳбат мекунам. Ва ду нуқтаи муҳимро мехоҳам ба ҳозирин муаррифӣ кунам: яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ин соҳа вуҷуд дорад, ин ҳадафи ман аст.
Корреспондент СА ТВ: Представьтесь, пожалуйста А.А.: – Базируемся в Санкт-Петербурге. Было возможность выступить от имени нашего молодежного обществ а. Моё выступление основалась на том, что мы хотим развиваться не только в Российско Федерации, но и в странах Европы. Высказали своё мнение насчёт ситуации, которой происходит в Таджикистане.