МАЪРУЗАИ АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАСЪАЛАИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ
Хабарҳо / 20.09.2019

Дар бораи Паймони миллӣ, ки Шумо савол кардед фикри ман ин аст, ки ман дар ин ҳаракат на паймонро мебинам на миллиро, зеро паймон ҳолатест дар сиёсат, ки гуруҳи ҳизбу ҳаракатҳои воқеӣ байни ҳам эътилоф мекунанд ва як неруи васеи фарогирро ба вуҷуд меоранд.

Баромадҳои ҳайати Ҳукумат дар нишасти САҲА, санаи 18.09.2019с. ХОЛИҚОВ ҲИКМАТУЛЛО (ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ҚАЗОҚИСТОН)
Хабарҳо / 20.09.2019

Баромадҳои ҳайати Ҳукумат дар нишасти САҲА, санаи 18.09.2019с. ХОЛИҚОВ ҲИКМАТУЛЛО (ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ҚАЗОҚИСТОН) Қабл аз ҳама мехоҳам суханони тоҷикони муқими Қазоқистонро ба аҳли толор расонам: Чӣ тавр чунин ташкилоти пурнуфуз ба монанди САҲА ба ҷаласаи имрӯза ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломро даъват менамояд? Онҳо ҷинояткоранд. Аммо худро мухолиф меноманд.

Баромадҳои ҳайати Ҳукумат дар нишасти САҲА, сана 17.09.2019с.
Хабарҳо / 20.09.2019

Ниятбеков Вафо (сардори Раёсати матбуот, иттилоот ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ) Имрӯзҳо дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои ВАО, фароҳам оварда шудааст. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошанд. Маҳдудкунӣ дар бахши ВАО ва озодии сухан умуман вуҷуд надорад.

Баромадҳои ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти САҲА, санаи 16.09.2019с.
Хабарҳо / 20.09.2019

Роҳбари гурӯҳи ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон- Зариф Ализода қайд кард, ки ин чорабинӣ намояндагони 57 кишварро ҷамъ намуда, барои табоддули таҷриба ва афкор шароити мусоидро фарохам месозад. Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳояш дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо масъулияти хоса муносибат менамояд.