ПАЙМОНИ ХУНИН
Хабарҳо / 30.08.2019

    Барои ҳар як миллати худогоҳ давлати мустақил, тамомияти арзӣ, парчами болафшон ва оромии ҷомеа аз бузургтарин муқаддасот ва арзишҳо буда, беҳтарин неъмат ба шумор меравад. Дар як асри пешрафта зиндагӣ мекунем, аммо ба ростӣ ҳамкорӣ кардани як созмони ҳуқуқ бо исломиҳои тундрав касро ба ҳайрат мегузорад. Мардуми Тоҷикистон ба ростӣ САҲА-ро намешиносад ва баъди ҳамкориҳои ӯ бо ҳизби тундрав ва ифротгарои наҳзати исломи шинохтан ҳам намехоҳад ва ба ростӣ, ки эҳтиёҷи дифоъ кардани ҳуқуқҳои хешро тавассути ин созмон ҳам надорад. Ин ҳамкориҳои САҲА маро ба суханон ва шиорпартоиҳои яке аз саркардагон ва воизони ҳизби наҳзат мулло Саъдиддин, ки ӯро наҳзатиҳо дар миёни худ “Саъдии аср” меномиданд, ба ёд овард. Дар роҳпаймоии соли 1992 дар шаҳри Душанбе, мулло Саъдиддин дар миёни даҳҳо ҳазор ҳаводорони ҳизби наҳзат аснои суханронӣ бо шиорҳои “марг бар Амрико” баромад карда, онҳоро ҳамчун душмани ислом ва муслимин муттаҳам мекард. Наҳзатиҳо ин шиорҳоро дар маъракаҳо бо ифтихор замзама мекарданд. Аммо имрӯз муддаъӣ бо муттаҳам дар як коса даст доранд. Ин шиорҳо шояд то имрӯз дар бойгонии Садо ва симо маҳфуз бошанд. Ҳангоме, ки Тоҷикистон аз дасти наҳзатиҳо дар оташи ҷанг месӯхт, ин созмони бонуфуз ва амсоли он куҷо буданд, ки дар хомӯш кардани оташи ҷанги бунёдсӯз…

Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов
Хабарҳо / 16.08.2019

В сети Интернет периодически появляются серии заказных критических статей, в которых предпринимаются попытки умышленно исказить реальные успехи Таджикистана, идущего по пути созидательного развития под мудрым руководством Основателя мира и национального согласия-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона.

Вокуниш ба мақолаи рӯзномаи «Тоҷикистон» №21 (1324) аз 22 майи соли 2019 «Деваштич ба куҷо менигарад?»
Хабарҳо / 10.06.2019

Маводи чопшуда дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, далелҳои зерин барои равшанӣ андохтан ба асли масъала пешниҳод карда мешавад. Шаҳрванд Абдуллоева Зайнура Атавуллоевна – дар деҳаи Равоти Ҷамоат деҳоти Ваҳдат санаи 03.04.1982 ба дунё омадааст. Соли 2007 бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ бо шаҳрванд Урунов Абдувоҳид Ҷӯраевич сокини деҳаи Қалъаи Дӯст оила барпо мекунад. Бале, бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ. Шавҳари Зайнура-Ӯрунов Абдувоҳид моҳи январи соли 2015 бо маводи мухаддир ба даст афтода, бо моддаи 200 қисми 4 аз озоди маҳрум мешавад. Дар боло қайд кардем, ки ин оила бидуни бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ барпо карда шудааст. Имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин ба чунин хатогӣ роҳ додани волидон ва оилабарпокунандагон мебошад. Зеро маҳз аз ҳамин сабаб ягон мақомотҳои ҳуқуқӣ ба Зайнура аз рӯйи даъво аз хонаводаи шавҳараш қисматеро ҷудо карда наметавонад. Бо вуҷуди ин дар давоми зиёда аз 4 сол дар маҳбас будани шаҳараш муроҷиатҳои чандинкаратаи Зайнура дида баромада шуда, чораҳои мушаххас андешида шудааст. 1. Дар соли 2015 ва моҳҳои январ-феврали соли 2016 борҳо бобати ба муросо андохтани Абдуллоева Зайнура бо хушдоманаш-Урунова Хосият корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи фаъолони Ҷамоат бурда шудааст. Аммо ҳар дафъа тарафҳо ба ҳам ҷанҷол…

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.
Хабарҳо / 22.05.2019

  Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Точикистон дар  варзишгоҳи марказии як тантанаи бошукухе доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо ва гуруҳи зиёди ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ намуда, кулли ҷавонони шарафманди ноҳияро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод кард. Дар суханронӣ қайд гардид, ки ҷавонони ноҳия дар пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазое доранд. Намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух табрикоти вазифаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид. Ҳамзамон Сипосномаҳои Раиси ноҳия ба як қатор ҷавонон қадршиносӣ гардиданд. Баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки Рустам Азимӣ пешкаш карда шуд. Ҷавонони ноҳия аз ин иқдом басо шод гардида,  руҳияи тозаи идонаро ба худ касб намуданд.

Ҷинояткор тарбият нахоҳад шуд.
Хабарҳо / 20.05.2019

Шоми 19 май соати 20:30 як гурӯҳи зиндониҳое, ки бо содир намудани ҷиноят, аз қабили ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ”, пайравӣ ба ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгаро  зиндонӣ гардидаанд,  “бо ашёи тезу буранда” мусаллаҳ шуда бо нозирони маҳбас хостанд заду хурд намуда, аз зиндон гурезанд. Тибқи баёнияи Вазорати адлия зиндониён ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намудаанд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои катъи дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат воқеъ буда, маҳбусон бо баҳони муноқиша мехостанд аз зиндон гурезанд. Ҳангоми мусаллаҳ гардидану заду хурд ва гаравгон гирифтани нозирон бо ашёи тезу бурранда 3 нафар нозирони муассисаро ба қатл расониданд ва нақшаи гурехтани онҳо барбод рафт. Дар асл он шахсоне, ки ба қадри озодии хеш ва тинҷиву оромии Ватан нарасида даст ба ҷиноятҳои сангин заданд, алалхусус шахсоне, ки имрӯзҳо бо ҷурми хиёнат ба Ватан, ташкили гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва пайравӣ ба амалҳои онҳо ҷиноят содир намудаанд, на ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо ислоҳ…