Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сарварони ташкилоту корхона, муассисаи таълимию тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон, баргузор гардид. Иҷлосия бо тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019, №1199 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич таъин намудани Зиёзода Сулаймон Ризоӣ” оғоз гардид. Аз рӯйи масъала “Дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2010, №417 “Дар бораи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020» муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода баромад намуд ва мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Инчунин доир ба масъалаи мазкур муовини менеҷери КАТС-и ноҳия К.Саидова,раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Н.Носиров ва менеҷери КАТС-и ноҳия Г.Баротова баромад намуданд. Аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода аз масъулин пурсиш ба амал омада барои ҳалли муаммоҳо дастур дода шуд.
Чун анъана, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳия «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расида, даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуда роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони Ҷамоатҳо, гурӯҳи сарбозони қисмҳои низомии дар ноҳия буда, хонандагони мактабҳо, падару модарон ширкат варзиданд. Имрӯз барои адои қарзи фарзандӣ 80 нафар ихтиёриён аз ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба хизмати Модар-Ватан омода шуда, сафи ихтиёриёнро пурра намуданд. Қайд бояд намуд, ки сафи ин гуна ҷавонони ватандӯст мувофиқи ноҳия сол ба сол зиёд гардида истодааст. Дар рӯзи аввали гусел натиҷаи фаъолияти якҷояи масъулини соҳа, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаҳои ноҳия назаррас мебошад. Маросими гусел бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассамаи Сарбози Ватан ва суханронии раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ шуд. Дар суханронии раиси ноҳия қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода менамоянд. Инчунин раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ба ҷавонони…
Бахшида ба солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур аз ҷониби соҳибкори деҳа Неъматулло Раҳматов бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ифтитоҳи он раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атҳам Абдуллозода ва раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Суғд Мӯсобек Миработов иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ин иқдом барои тарғиби тарзи ҳаёти солими насли ҷавон басо муҳим мебошад. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ба саҳмгузории соҳибкор Н.Раҳматов барои ободонии деҳа миннатдорӣ изҳор намуда, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардид.
Наврӯз ин бедоршавии табиат, оғози кишту кор мебошад. Ҳамасола Наврӯз бо як хусусияти ба худ хос дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки имсол бо иштироки як қатор меҳмонон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Деваштич бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки меҳмонон ба якқатор собиқадорон туҳфаҳои идона супорида шуд. Баъдан меҳмонон аз хаймаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бозиҳои миллӣ дидан намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба сухан баромада, ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайру мақдам намуд. Инчунин аз рафти корҳои ободонии минбаъдаи ноҳия ҳарф зада кулли сокинонро бо Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал таҳният гуфтанд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангин, савту суруд ва рақсҳои ҷолиби хеш ба ҳамагон руҳу илҳоли тозаи идона бахшиданд. Дар охир аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси…
Бо мақсади иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазоворона таҷлил намудани ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳия баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва солимии ҷомеа дар мадди аввали назари Сарвари мамлакат қарор дорад. Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон оғоз гардид. Аз ҷулма, раиси ноия ҳамагонро бо ҷашни Нарӯзи байналмилалии дар пешистода табрику муборакбод намуд. Дар дави наврӯзӣ ҳамаи ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ширкат варзиданд, ки зиёда аз 2000 нафарро дарбар мегирифт. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардиданд.