Суханронии Кабириро дар солгарди “Паймони хунин” шунида, ба ростӣ аз ҳад зиёд густохӣ ва беадабӣ нисбат ба бузургони замони ислом яъне асҳоби паямбари Худо маро дар ҳайрат гузошт. Аҳли суннат ва ҷамоат бояд хусусан донишмандони ислом алайҳи ин беадаб садо баланд карда, бо ҳар роҳу восита ӯро маҳкум ва мақбуҳ намуда, аз ёрони Расули Худо дифоъ намоянд, зеро дифоъ намудан аз ёрони Расули Худо ва изҳори муҳаббат ба онҳо аз воҷиботи имон аст. Ин густохии Кабирӣ далолат аз хориҷ шудани ӯ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мефаҳмонад, зеро аҳли суннат қатъан чунин ҷуръат ва беадабиро нисбат ба ёрони Паямбари Худо надоранд, ба ҷуз як иддаи кучак ба мисли Кабирӣ ва амсолони ӯ. Ин Ибни Сабаи Сонӣ ёрони Расули Худоро зерои суол бурда, чунин мегӯяд:
Ман домулло Абдураҳими Кулобӣ, декани факултети филологияи шарқи Донишкадаи исломӣ ҳастам, аз расонаҳои хабари вақте, ки шунавидам бисёр террористҳо, экстремистҳое, ки хоини миллат буданд Ватанро вайрон карданд, ҳар гапҳои пасту баланд дар бораи давлат, дар бораи Пешвои миллат, дар бораи сохти конститутсионии давлат гапҳои беҳудаву нодуруст гуфтанд, виҷдонам маро намонду хестаму аз Тоҷикистон ба
Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд. Инҳо подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ— Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов мебошанд.
Баъзе аз афроди алоҳида макони зиёратро ба сарчашмаи даромади молиявӣ табдил дода, ҳар гуна овозаҳои бардурӯғи таблиғотиро пиромуни зиёрату маконҳои ба истилоҳ «муқаддас» паҳн сохтаву месозанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон парастиши мазор ва зиёратгоҳҳо ба падидаи паҳншудаи хурофотӣ мубаддал гаштааст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ тақрибан деҳае нест, ки дар он ду-се мазор ва ё ба истилоҳ «макони муқаддас» вуҷуд надошта бошад. Эътиқод ва парастиши мазорҳо аз тарафи мардум ба як навъи мафкура ва ҷаҳонбинӣ мубаддал гаштааст. Аксарият бар онанд, ки мазорҳо ва ҷойгоҳи ашхоси дафншуда метавонанд дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии инфиродии онҳо таъсиргузор бошанд.