СУРАТГУЗОРИШ: САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ВИЛОЯТИ НАМАНГОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Тавре маълум аст, ки рӯзҳои 5-7 августи соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо шарикони рушд ҳайати ноҳияи Деваштич бо роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард. Ҳадаф аз сафари ҳайат ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, зимни сафари расмӣ намояндагони ноҳияи Деваштич аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос шуд. Аз соҳибкорони ӯзбек даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварда, бо вазъи соҳаҳои кишоварзию саноатӣ бевосита шинос гарданд. Зеро доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технолгияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.

МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БО ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ НАМАНГОН ШАВКАТҶОН АБДУРАЗЗОҚОВ

7 августи соли 2025 дар шаҳри Намангон мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуразақов Шавкат Шокирҷонович баргузор гардид. Ҳайати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода барои дидан ва ривоҷ додани ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Намангон ташриф оварданд. Аснои мулоқот аз густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки имрӯз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсояро мустаҳкамтар намуда, риштаи дӯстиро қавитар созанд. Хушбахтона, солҳои охир муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар низ рӯ ба инкишоф оварда, ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёфтани маҳсулотҳои истеҳсоли дохилӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таконбахш гашта истодааст. Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду мамлакат метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд. Инчунин дар фарҷоми мулоқоти ёддошти тафоҳум байни роҳбарияти ноҳияи Деваштич ва роҳбарияти вилояти Намангон оид ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ба имзо расидани шуд. Санади мазкур барои минбаъд дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва тақвият бахшидан дар самтҳои болозикр имкон фароҳам…