САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ПОЙАФЗОЛРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд. Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад. Дар корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, ҳоло 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад. Оянда дар марҳилаи дуюми корхона бошад ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани технологияи муосир ва таъсиси корхонаи нави саноатиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” шинос шуданд. Заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самти асосии фаъолияти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-ро ташкил медиҳад….

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН МАРКАЗИ ТАШХИСУ ТАБОБАТИИ «ЛУҚМОНИ ҲАКИМ»-РО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд. Маркази ташхису табобатӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст. Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд. Зимни шиносоӣ бо иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз 4 ошёна ва зерошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар ягҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 1 ҳазору 445 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мављуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд. Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дорои ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, инчунин ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи муосир мебошад. Кормандони маркази навбунёд бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхисҳои рентгени рақамӣ, таҳлили лабораторӣ ва лазерӣ-косметологӣ гузаронида, табобати беморонро бо муми кӯҳӣ, усулҳои барқӣ ва маҳси вакумӣ…

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ДУЧАРХА ВА БОЗИЧАҲОИ ГУНОГУНИ ҶДММ «АДЛ»-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

17 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» ба истифода супорида шуд. Коргоҳи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» сохта шудааст. Масоҳати умумии замини коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат, дар он 5 намуд дучарха барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳи мазкур аз кишварҳои пешрафта дастрас ва насб гардида, ҳаҷми истеҳсолот бо сифати баланд афзун мегардад. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи коркарди оҳан, кафшергарӣ, рангубор ва бандубасти дучархаҳо шинос шуданд. Дар коргоҳи мазкур мутахассисону коргарон ҳамарӯза фаъолият намуда, солона беш аз 10 ҳазор дучарха истеҳсол менамоянд. Бо назардошти ин таъмини бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот ҳадафи аслии роҳбарияти ҷамъият ба шумор рафта, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло намудҳои гуногуни маҳсулоти корхона бо тамғаи «Адл» ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интиқол меёбад. Ҳама гуна маҳсулоти корхона ҷавобгӯйи стандарти байналмилалӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки…

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҶИҲОЗИ КӮДАКОНАИ ҶДММ «АДЛ»-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшн Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ “АДЛ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи саноативу истеҳсолии ҶДММ “АДЛ” дар доираи тадбирҳо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандуст дар масоҳати 3066 метри мураббаъ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ бунёд гардидааст. Корхона дар як сол то 20 ҳазор намудҳои гуногуни ҷиҳози кӯдакона, аз ҷумла 7 намуд мебел ба монанди мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, гаҳвора, кати хоб ва ҷевонҳо барои хурдсолонро истеҳсол мекунад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар сехи истеҳсолии “АДЛ” дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ширкатҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи зиёда аз 750 ҳазор сомонӣ ворид ва насб гардидааст. Дар ин корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд. Бо васеъ шудани фаъолияти корхонаи мазкур имкон аст, ки шумораи кормандон зиёд карда шавад. Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти ватанӣ босифат истеҳсол гардида, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба содирот низ равона гардад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам…

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ СУТУНПОЯҲОИ БАРҚӢ ВА ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ ИСТГОҲҲОИ БАРҚИИ ҶДММ «ИСТАРАВШАН ЭНЕРГО» ОҒОЗ БАХШИДАНД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда, се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст. Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд. Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар ин корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. Дар коргоҳи таъмири тарансформаторҳо 5 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда,…

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АНТИФРИЗИ ҶДММ «КУЛИ САРЕЗ»-РО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи мазкур дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов, бо харҷи наздик як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. Корхона дар масоҳати 22 садяк замин бунёд шуда, дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ин корхона 17 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз ин 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. То ҳол ин навъи маҳсулот барои нақлиёт ва марказҳои гармидиҳӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ҳамзамон дар корхона барои ҷойгир намудани моеи истеҳсолшуда, зарфҳои пластикии 1 ва 4,7 литра аз ашёи хом истеҳсол карда мешавад ва маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳо ҷойгир ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Моеи зидди ях,…

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН МАКТАБ-ИНТЕРНАТ БАРОИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР ВА 4 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд. Иншоот дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, дастрасии ятимонро ба таҳсили босифат таъмин месозад. Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд. Дар маҷмуъ 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд. Иншооти варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машқу тамрин замина мегузорад. Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд интиҳои ташвишу нигаронии онҳо шуда, ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

СУХАНРОНӢ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Тавре ки ман дар яке аз суханрониҳои худ зикр карда будам, Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид. Конститутсия сарчашмаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва…

ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинӣ, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба нақши муҳими Конститутсия дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Гуфта шуд, ки ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. “30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид”, -иброз доштанд Сарвари давлат. Ба андешаи Президенти кишвар дар зарфи 30 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин…