БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА ВЕЛОМАРАФОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

19 май дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони МИҲД ноҳия ва корхонаву ташкилотҳо, ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории Дави миллӣ табрику муборакбод гуфта, баён дошт, ки имрӯз Дави миллӣ бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Таъкид гардид, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич низ муҳайё гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст. Дар ҳақиқат, Дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри…

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №18 ДЕҲАИ ДАРХОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Дар асооси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободону бунёдкори ва дар ин замина бо нишондиҳандаҳои назаррас, сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саҳоватпеша хуб пазируфта ҷиҳати бунёди иншоотҳои гуногун камари ҳиммати баста меҳнати хуб намуданд. Санаи 22 марти соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода дар назди муассисаи таҳсилоти миёни умумии №18-и деҳаи Дархони Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Сараввал Раиси ноҳия мардуми деҳаро бо ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, гуфтанд ки, мардуми меҳнатқарини деҳаи Дархон дар қатори сокинони ноҳиямон дар арафаи ҳар як ҷашни таърихӣ ва иду айём корҳои ободониву бунёдкорӣ ва хайру савобро ба роҳ монда, ҷиҳати бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол гирифтани он меҳнат менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои…

Варзиш

Варзишгоҳҳо (ҳамагӣ) —————————————- 1 адад; Дар онҳо ҷои нишаст ————————————— 1500 ҷой; Толорҳои варзишӣ———————————————-18 адад; Мактабҳои варзишӣ ——————————————  2 адад; Дар онҳо варзишгарон ————————————- 547 нафар; Шумораи хизматчиёну коргарони соҳа——————-30 нафар; Майдончаҳои баскетбол ————————————  12 адад; Майдончаҳои валейбол ————————————–  61 адад; Ҳавзи шиноварӣ  —————————————–      – Шумораи варзишгарони дараҷадор ——————— 165 нафар; Ҳамагӣ варзишгарон ———————————— —-547 нафар; Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа —————-30 нафар; Музди миёнаи соҳа ————————————– 533 сомонӣ;