ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ИДИ ҚУРБОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

06.06.2025
Субҳи 6 июн мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва оромию осоиштагии кишвар дар масҷиди ҷомеаи ноҳия намози Иди Қурбонро хонданд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ба масҷиди ҷомеи марказии Абӯбакри Сиддиқи ноҳия ташриф оварда, кулли сокинони ноҳияро бо муносибати Иди Қурбон табрик намуд.
Зимни суханронӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода таъкид дошт, ки иди Қурбон ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад.
Яке аз фазилатҳои неки иди Қурбон ин анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меоварад.
Бинобар ин, чунонки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.
Иди Қурбон дар рузҳое баргузор гардида истодааст, ки мардуми сарбаланди ноҳия бо руҳу илҳоми тозаи меҳнатӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузоранд.
Бори дигар иди саиди Қурбон муборак бошад, ба Шумо ва аҳли пайвандонатон имони комилу устувор, саломатии матин, сарбаландиву некномӣ, умри дарози пур аз нишоту фараҳ, саодати ҷовидон, тавфиқу пирӯзӣ ва файзу баракат таманно дорам – зикр дошт Раиси ноҳия.
Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба сокинони ноҳия расонида, ба сокинони ноҳияи Деваштич тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва саодатмандиро таманно намуд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҳамзамон ба масҷидҳои ҷомеа ва панҷвақта ноҳия ташриф оварда, Паёми табрикии Раиси ноҳия ба муносибати Иди Қурбонро ба самъи сокинони ноҳия расониданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест