ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ КИШТИ КАРТОШКА ИДОМА ДОРАД

29.04.2025
28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Деваштич бо рафти кишти картошка шинос гардид.
ар ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарвари мамлакат ба шумор меравад, сол ба сол майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 9 ҳазор гектар картошка кишт хоҳад шуд, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар бештар аст.
Таъмини заминҳо бо оби полезӣ аз масъалаҳои муҳим буда, дар деҳаи Басманда 12 километр хатти оби полезӣ бунёд шуда, 500 гектар замини қаблан аз об маҳрум шодоб мегардад. Чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки масоҳати кишти зироатҳо зиёд гардад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва суҳбат бо сокинони деҳа Раиси вилоят ин иқдомро самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, зикр намуд, ки обёрии заминҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка мусоидат хоҳад кард.
Картошка, ки онро “нони дуюм” меноманд, дар сабади истеъмолии аҳолӣ мақоми хос дошта, аҳамияти хӯроквории он бештар мегардад. Обу ҳавои мусоиди деҳаи Басманда барои парвариши картошка мусоид буда, обёрии заминҳои ташналаб боз ҳам имконияти афзоиши истеҳсолро фароҳам месозанд. Тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич бояд ба 500 ҳазор тонна расонида шавад.
Дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳон»-и ҷамоати Исмоили Сомонӣ имсол дар майдони 280 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои раиси хоҷагӣ Уктам Умаров, то имрӯз дар 130 гектар кишт анҷом дода шуда, барои иҷрои пурраи нақша тухмии зарурӣ захира гардидааст.
Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагии «Шоҳон» ба зарурати анҷоми кишти картошка дар муҳлатҳои мувофиқ таъкид намуд. Соли гузашта дар ин хоҷагӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 450 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд ва кишоварзон ният доранд имсол ҳам майдон ва ҳам ҳосилнокиро бештар кунанд. Ин тадбирҳо ба фаровонии бозор ва беҳтар шудани сатҳи даромади заминдорон мусоидат хоҳад кард.
Бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат сокинони ноҳияи Деваштич дар рушди соҳаи картошкапарварӣ саҳм мегузоранд.

Шарҳ нест