Субҳи 6 июн мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва оромию осоиштагии кишвар дар масҷиди ҷомеаи ноҳия намози Иди Қурбонро хонданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ба масҷиди ҷомеи марказии Абӯбакри Сиддиқи ноҳия ташриф оварда, кулли сокинони ноҳияро бо муносибати Иди Қурбон табрик намуд. Зимни суханронӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода таъкид дошт, ки иди Қурбон ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад. Яке аз фазилатҳои неки иди Қурбон ин анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меоварад. Бинобар ин, чунонки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои…
Ҳамдиёрони азиз! Боиси сарфарозист, ки ҳамасола яке аз суннатҳои волою арзишманди мусулмонон ҷашни мубораки Иди Қурбон дар саросари кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Мардум бо арҷгузории Иди шарифи Қурбон аз даргоҳи илоҳӣ руҳи гузаштагони худро бо дуову дуруд ёд мекунанд. Бояд қайд намуд, ки дар ин рўз талқини арзишҳои инсондўстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, аёдати хешу ақрабо, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру саховат ба дармондагону эҳтиёҷмандон амалӣ мегардад, ки аз сифатҳои беҳтарини инсонӣ мебошад. Ин ҳама ба таҳкими меҳру муҳаббат ва рафоқат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боис мегарданд. Таҷлили Иди Қурбон барои мусулмонон рўзи имтиҳону озмоиш буда, инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон мекунад, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад ва муҳимтар аз ҳама арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд. Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, мутаассифона дар баъзе кишварҳо дини мубини исломро сарчашмаи ҳар гуна хушунату зўровариҳо меҳисобанд. Аз ин рў, вазъи ҳассоси ҷаҳони имрўза моро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, худшиносию ҷаҳоншиносӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем. Дар баробари ин нагузорем, ки ғояҳои зўроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозию нифоқангезӣ дар кадом шакле набошад, зиндагии ором ва…
5 июни соли 2025 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро аз номи Раиси ноҳияи муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода бо иди касбияшон табрику муборкбод намуда дар фаъолияташон пирӯзиву муваффақият ва зиндагии шоиставу пурнишот орзу намуд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист воситаи беҳтарини ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли башар ба масоили экологӣ мебошад. Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ ба муаммоҳои ҳифзу ҳимояи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бахусус, дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб шудааст. Муовини якуми Раис ноҳия зимни сухарони худ иброз дошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» баёнгари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар…
Ҳамасола санаи 5 июн дар кишвари мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии муҳити зист ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи табиат, аз ҷумла поку беолоиш нигоҳ доштани муҳит, ҳифзу ҳимоя намудани сарватҳои табиӣ ва дар маҷмуъ, таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Махсусан, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баёнгари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои муҳими умумибашарӣ дар ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар замони имрӯза афзоиш ёфтани шумораи аҳолии сайёраи Замин ва зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ инсониятро водор месозад, ки ба масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, хок ва олами наботот аҳамияти бештар зоҳир намояд. Аз тарафи дигар, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз муҳимтарин роҳҳои таъмини зиндагии шоистаи инсон буда, боло рафтани маърифати…
Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ба даст овардани ду ё се ҳосил аз як замин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка яке аз ҳадафҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамасола майдони кишт ва ҳосилнокии он рӯ ба афзоиш дорад. Ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои асосии картошкапарварии вилоят ва ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар самти кишт ва истеҳсоли ин маҳсулоти муҳими ғизоӣ пешсаф аст. 25 май Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз раванди корҳои саҳроӣ дар ин ноҳия нашъунамои картошкаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия кишти картошка дар майдони 9 ҳазор гектар ба роҳ монда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар бештар мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти заминҳо бо оби полезӣ, дар деҳаи Басманда 12 километр хатти об кашида шуда, 500 гектар замини қаблан беоб обёрӣ мегардад. Ин иқдом ба зиёд шудани майдони кишти зироатҳо мусоидат мекунад. Раиси вилоят зимни мулоқот бо кишоварзон ва сокинони маҳаллӣ чунин амалҳоро натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки обёрии заминҳо на танҳо барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад. Обу…
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, як силсила иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешаванд. 25 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷараёни бунёди як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Аз ҷумла, роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия шинос гардида, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод. Бино бо саҳми соҳибкорон ва аъзову пайравони ҳизб бунёд гардида, аксари корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот, барои кормандони кумиҷроия шароити муосири корӣ фароҳам хоҳад шуд. Айни замон ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дорои зиёда аз 9000 аъзо ва 98 ташкилоти ибтидоӣ буда, нақши онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ басо назаррас мебошад. Ҷараёни корҳои созандагиро дар тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия, ҳатто дурдасттарин деҳаву маҳаллаҳо метавон эҳсос кард. Бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон аҳлона дар ободонии маҳалли худ саҳм мегузоранд. Дар Ҷамоати деҳоти Муҷун бо дастгирии сокинон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 бо усули ҳашар идома дорад. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат…
19 май ба муносибати моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносию худогоҳӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллии ҷавонон тарбия намудан, расидан ба қадри неъмати бебаҳо истиқлолият ва тинҷиву оромии Ватани азизамон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар Шӯро сохторҳои дахлдор, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Ҷаласаи Шӯроро Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, аъзоёни Шӯроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Сипас аз рӯи масъала мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Мирсабур Абдуллоев оид ба фаъолияти бахш ва татбиқи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар ноҳия ҳисобот дод. Баъдан як қатор ҷавонони касбу кори гуногун ба музокира баромада, оид ба нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва рушду инкишофи иҷтимоию иқтисодии давлат суханронӣ намуданд. Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласа Раиси ноҳияАшуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти баргузории Шӯрои кор бо ҷавонон, зери таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат қарор доштани сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи давдат, пешрафти босуботи ҷомеа, ҳимояи амният ва марзу бум, дастгирии ҳамешагии ҷавонон аз…
19 май дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони МИҲД ноҳия ва корхонаву ташкилотҳо, ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории Дави миллӣ табрику муборакбод гуфта, баён дошт, ки имрӯз Дави миллӣ бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Таъкид гардид, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич низ муҳайё гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст. Дар ҳақиқат, Дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри…
Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 80-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги хонумонсӯз ҷоннисориҳо кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони ноҳияро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоем. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳо буда, барои ҳифзи онҳо мо бояд ҳамеша омода бошем. Бояд қайд намуд, дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки…
8 май намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Бибола Рӯзиматови 100 сола ва сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло Нозим Носирови 101 соларо хабар гирифта ба онҳо кумакпулиҳои яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супориданд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст. Мавриди зикр аст, ки ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 50 000 сомонӣ, аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 15 000 сомонӣ ва аз номи Раиси ноҳияи Деваштич 3000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шуд. Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.