Ҳамдиёрони азиз! Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни Наврўзи байналмилал самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям. Мо ифтихор аз он мекунем, ки аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои деринаи худ эҳё шуда, дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Ҷашни Наврӯзи имсола низ ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омили муттаҳидкунандаи халқи кишвари азизамон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардум ва болоравии эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад, таҷлил гардида истодааст. Ба хотири эҳёи унсурҳои наврӯзии хоси ҳар як минтақаҳои Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд сол аст, ки таҷлили Наврӯз дар деҳаю маҳаллаҳои ҷудогона ҷашн гирифта мешавад, то ки суннат ва оинҳои қадимаи ҳамаи ҳавзаю минтақа дубора эҳё карда шавад. Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон бо қадамҳои сабзу баҳоронаи худ, ба меҳмонӣ омадааст, дар ҳақиқат дар байни расму оинҳо куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ…
Субҳи 20 марти соли 2026 сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич низ чун дигар сокинони Тоҷикистони озоду обод бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар масҷидҳои ҷомеи ноҳия намози Иди саиди Фитрро адо намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода ба масҷиди марказии ноҳия ба номи “Абӯбакри Сиддиқ” ташриф оварда, кулли намозгузорон ва мардуми ноҳияро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Иди саиди Фитр ҳамасола дар рӯҳияи идона таҷлил мегардад. -Дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем,…
Ҳамдиёрони азиз! Дар ин лаҳзаҳои идона кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Иди Саиди Фитр, ки баёнгари арзишҳои инсонӣ — сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шавқат ва меҳру муҳаббат мебошад ва дар арафаи ҷашни фархундаи Наврузи оламафрӯз рост омадааст, самимона табрик гуфта, барои ҳар як хонадон осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад.” Воқеан ҳам, дар ин моҳи муборак бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо баровардани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Худованд талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд. Имрӯз ҳуқуқ ва арзишҳои олии эътиқодии шаҳрвандони мусулмони кишвар таҳти ҳимояи ҳамешагии…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд. Дар маркази рамз акси «Маҷмааи Истиқлол», ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст. Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад. Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад. Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд. Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд. Рамзи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар…
Ҳамватанони азиз! Фарорасии ҷашни бостонии Садаро ба кулли сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон дастурхони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам. Боиси ифтихор аст, ки дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну идҳои миллӣ дубора эҳё гардида, таҷлили онҳо дар сатҳи милливу давлатӣ барқарор гардид. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд» . Бояд қайд намуд, ки иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии аҷдодони мо ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр (офтоб) истиқбол гирифта мешуд. Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодони мардуми мо қарор дошта, аз замони дуру дарози таърих маншаъ мегирад. Сада рамз ё пайки баҳор, айёми зебошавии табиат ва оғози кишту корӣ деҳқон мебошад. Ба…
10 январи соли 2026 дар маркази ноҳияи Деваштич – шаҳраки Ғончӣ ба сохтмони бинои маркази ҷавонони ноҳия санги асос гузошта шуд. Бинои мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии сокинон, баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ баён доштанд, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Дар оғози корҳои сохтмонии иншооти мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Деваштич-муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази ҷавонони ноҳия аз 3 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа аз хуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ барои ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи…
Ҳамдиёрони азиз! Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, бахту саодат, комёбиҳо ва рӯзгори ободро таманно менамоям. Соле, ки моро хайрбод мегӯяд, дар ҳаёти мардуми шарафманди ноҳия, чун тамоми мардуми кишвар фаромӯшнопазир боқӣ мемонад. Дар ҳақиқат, дар соли 2025 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омаданд, ки ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳдошти рӯзафзуни рӯзгори мардуми ноҳия мусоидат кардаанд. Бузургтарин воқеаи сол барои мардуми мо дар соли сипаригашта ин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия мебошад, ки ба шарофати ин сафари корӣ чандин корҳои созандагию ободонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамчунин пешниҳод гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мардуми шарафманди ноҳияи мо низ дар партави ин Паёми Пешвои миллат якдилона заҳмат кашида, садоқатмандии худро бо иҷрои нақшаҳои дурнамо нишон хоҳанд дод. Дар соли 2025-кишоварзони мо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносибе гузошта, ҷиҳати истеҳсол ва содироти он ба нишондодҳои назаррас ноил гардиданд. Саноатчиёни ноҳия низ тавонистанд дар соли 2025 ғайратмандона меҳнат карда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолиро бештар…
16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат…
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист…
16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян менамоянд. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,…