22 март Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода ба қисмҳои низомию сарҳадии ноҳия ташриф оварда, аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити қисмҳои низомии мамлакат сол аз сол беҳтар гардида, Артиши миллии Тоҷикистон ба нерӯи бузурги мудофиавӣ табдил ёфтааст.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат имрӯз ба нерӯи бузург табдил ёфтааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар менамоянд.
Дар идома, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода афсарону сарбозони шуҷои ватанро бо соли нави миллӣ-Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан, амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб ёфта, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Боварии комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, марзҳои Ватани азизамонро ҳимоя менамоянд ва иқтидори мудофиавии мамлакатро густариш мебахшанд, – қайд намуд, Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Ҳамзамон муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба самъи сарбозону афсарон расонида шуд.
Барои афсарону сарбозони қисмҳои низомию сарҳадӣ дастурхони наврӯзӣ ороста шуда аз ҷониби бахши фарҳанг барномаи консертӣ пешкаши гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили иди Наврӯз дар тамоми ҷамоатҳои деҳот ноҳия чорабиниҳои идона баргузор гардида, қишри ниёзманди ҷомеа ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич
Шарҳ нест