АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРГУЗОР ГАРДИД

21.11.2025
print
Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Деваштич аз 17.09.2025, №546 санаи 20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷиҳати муайян намудани мутобиқатии малакаи кории хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо иштироки муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ фаъолият, тибқи дастурамал ва уҳдадориҳои мансабӣ, донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсиш ба амал оварда шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code