19 май дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони МИҲД ноҳия ва корхонаву ташкилотҳо, ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Сараввал, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории Дави миллӣ табрику муборакбод гуфта, баён дошт, ки имрӯз Дави миллӣ бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Таъкид гардид, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич низ муҳайё гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст. Дар ҳақиқат, Дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва таъмини ширкати ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар урфият мегўянд, рўҳи солим дар ҷисми солим аст.
Сипас, Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз ёфта, сокинону варзишгарон аз гардиши деҳаи Эшонқӯрғони Ҷамоати деҳоти Ғазантарак то назди Қасри фарҳанги ноҳия ҳаракат намуданд.
Дар назди Қасри фарҳанги ноҳия маросими қадршиносии фаъолони чорабиниҳои варзиши Дави миллӣ ва велосипедронӣ сурат гирифта ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадрдонӣ гардиданд.
Шарҳ нест