Баррасии Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим.

12.04.2019

print
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сарварони ташкилоту корхона, муассисаи таълимию тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон, баргузор гардид.  Иҷлосия бо тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019, №1199 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич таъин намудани Зиёзода Сулаймон Ризоӣ” оғоз гардид.

Аз рӯйи масъала “Дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2010, №417 “Дар бораи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020» муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода баромад намуд ва мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Инчунин доир ба масъалаи мазкур муовини менеҷери КАТС-и ноҳия К.Саидова,раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Н.Носиров ва менеҷери КАТС-и ноҳия Г.Баротова баромад намуданд. Аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода  аз масъулин пурсиш ба амал омада барои ҳалли муаммоҳо дастур дода шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code