Таассуроти ҳар бинанда ва сафаркунанда ба ин ё он гӯшаи диёр аз дарвоза оғоз мешавад. Ин аст, ки мардуми аҳлу дурандеши яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Деваштич – деҳаи Басманда ободиро аз сохтани дарвозаи русто оғоз карданд. Яъне, соли 2024 бо ҳамдастии мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ Хуршед Шарифов ва Суҳроб Ортиқов дарвозаи асосӣ бунёд шуд. Дарвоза шабҳо чароғон мешавад ва атрофи онро дарахтони ҳамешасабз оро додаанд. Мардум пеш аз он ки дарвозаро созанд, нахуст, аз даромадгоҳи деҳа то назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-уми ба номи Рустамҷон Ҳасановро дар масофаи 4 км мумфарш намуданд. Ҳоло ҳар касе, ки ба рустои кӯҳистони Басманда сафар намояд, ӯро дарвозаи бошукӯҳ, чароғпояҳои офтобӣ, сафедорону арчаҳои сабз ва роҳи ҳамвори мумфарш пешвоз мегиранд.
ҲАШАР – РАМЗИ ҲАМБАСТАГИИ МАРДУМ
Дастаҷамъона ҳал кардани муаммову масъалаҳои маҳалла, ба монанди кашидани лӯлаҳои обгузар, иваз намудани пойгоҳҳои тақсимоти барқ, мумфарш кардани роҳҳо, насби чароғпояҳо, сохтани мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, тармими муассисаҳои таълимӣ дар Басманда ба як анъанаи дерин табдил ёфтааст. Бавижа, дар ҳашари мардумӣ пиру барно ва, ҳатто, кӯдакон ҳам иштирок карда, саҳми худро мегузоранд.
Марди 84-сола, иштирокдори Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Ҳошим Азимов дар ин бора гуфт: “Ҳанӯз аз миёнаи солҳои 80-уми замони шуравӣ чун раиси хоҷагии деҳқонии ин деҳа бо ин мардум робита дорам. Бо ҳашар ва дар якҷоягӣ осон кардани мушкилот дар руҳи онҳо ҳаст. Барои онҳо раҳнамоӣ ва маслиҳату машварати дуруст кофист, то корҳои муҳимеро иҷро намоянд. Ман инро дар сохтмони МТМУ № 47 ва беморхонаи маҳаллӣ дар соли 2000-ум мушоҳида карда будам. Ҳеч кас бетараф нест. Соҳибкорону муҳоҷирон маблағ ҷамъ меоранд, аз ҳар хоҷагӣ як ё ду намоянда дар бунёдкорӣ ранҷ мекашанд, занону модарон бо навбат барои ҳашар хӯрок пухта, кӯдакон барои аҳли кор обу чой мерасонанд. Ҳар кас аз 5 то 10 метр ҷӯй меканад ё дар ҳашар иштирок менамояд, ё агар худаш дар сафар бошад, касеро ба ин кор ҷалб месозад, то ба ҷои ӯ дар ободӣ саҳм гузорад”.
Мавлонбердӣ Мавлонов, директори МТМУ №7-уми ба номи Рустамҷон Ҳасанов, изҳор дошт, ки танҳо дар соли 2025 кумитаҳои падарону модарони синфҳои ин Муассиса бо ихтиёри худ пайи тармими синфхонаҳо шуданд. Ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ дар 9 синфхона дару тирезаҳои пластикӣ насб гардиданд. Ё худ фарзандони Рустамҷон Ҳасанов идрорпулии номиро барои омӯзгорону хонандагони фаъол ва ғолибони олимпиадаҳо аз 7,5 ҳазор сомонии соли гузашта ба 14 ҳазор сомонӣ расонданд.
То оғози соли нави хониш нав кардани 120 метри мураббаъ сафолакҳои даромадгоҳи Муассиса ба нақша гирифта шудааст. Барои ин ҳама бунёдкориҳо ба сокинони деҳа, бахусус муҳоҷирону хатмкунандагони муассиса, сипос мегӯем.
7 КМ РОҲ МУМФАРШ ШУД
Дар ду марҳала мардум пул ҷамъ оварданд ва нахуст 4 км ва 12-уми июли соли ҷорӣ ба ифтихори нахустин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Басманда 3 км роҳи асосии мошингарди деҳа мумфарш гардид. Бино ба гуфтаи собиқадори маориф Расулбердӣ Раҳимов, ба ҷуз аз харидани мум, ашёи техникӣ ва чароғпояҳо қариб ҳама кор ва ҳама чизро мардум бо ихтиёри худ ба субот расонданд. Ӯ афзуд: “Мо бисёр шодем, ки ба деҳоти мо бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам ранҷа намуданд. Шодии мардуми ободкори моро ҳадду канор набуд. Дар рустои мо 21 маҳалла ҳаст ва роҳбарони ин маҳаллаҳоро масъул намудем, ки дар ободии роҳ саҳм гиранд. Аз моҳи июни соли ҷорӣ бо дастгирии мардум 45 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шуд. Аз ин 30 ҳазор сомонӣ барои ободии деҳа сарф гардид. Дар байни хайрхоҳон касоне буданд, ки 60 мошин регу шағалро ба таври ройгон ба кори роҳсозӣ расонданд. Ин гуна мисолҳо зиёданд ва ҳаминро месазад зикр кунем, ки ободкориҳо идома доранд ва мардум дар ин корҳо ҳавасманданд”.
Бояд афзуд, ки бо иқдоми мардум барои ҳарчи бештар ҷалб кардани гардишгарони дохиливу хориҷӣ дар Басманда навиштаи “Басмандаро дӯст медорам!” сохта шуд. Чароғпояҳои офтобиро зодагони Басманда, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Душанбеанд, харидаву насб намудаанд.
НАХУСТИН КӮДАКИСТОН ДАР БАСМАНДА
Мардум бисёр шоданд, ки дар деҳаи Басманда аввалин Муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо дастони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳои худро боз кард. Сохтмони бинои кӯдакистон, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шуд. Дар он дар 4 гурӯҳ 120 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуда, 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани бино, кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад. Барои ин, дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфт.
Дар ҳудуди муассиса 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, атрофи он сабз ва пурра чароғон аст.
Ҳаётулло Ғафуров, раиси хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонови деҳа, гуфт: “Маблағгузории сохтмони бино аз тарафи вилоят сурат гирифта бошад ҳам, бунёди онро мардум пурра ба зимма гирифтанд ва саҳми устоҳои маҳаллӣ, ҳашар беқиёс аст. Дар бунёди кӯдакистон саҳми Ҳабибулло Ёров, омӯзгори собиқадор, хеле калон аст. Маҳз бо талоши чандинсолаи ин марди фардонигар деҳаи мо соҳиби кӯдакистон шуд. Номбурда солҳо боз орзу дошт, ки 11 ҳазор сокини ин рустои кӯҳистон баҳри тарбияти кӯдакони хеш соҳиби ин муассиса шавад”.
ОБ ОМАД, КАРТОШКА ЗИЁД МЕШАВАД?
Ҷомеаи Тоҷикистон ноҳияи Деваштич, бавижа деҳаи Басмандаро бо картошкаҳои олисифат мешиносанд. Картошкапарварони ин русто кайҳо боз чун донандагони рози замину об машҳуранд ва дар ин маврид дар Академияи кишоварзии Тоҷикистон корҳои пажӯҳишӣ ҳам шудааст.
Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ба кор даровардани хатти оби полизӣ ва муаррифии лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон иштирок карда, дар деҳаи Басманда хатти оби полизиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хатти оби полизӣ аз мавзеи Басманда ба масофаи беш аз 9 километр тавассути лӯлаи қутраш 400-миллиметра оварда шуд. Ба ин восита масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид.
Бо обёрии панҷсад гектар замини нави картошка дар ноҳияи Деваштич 1000 кас соҳиби кор гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич то соли 2030 ба 500 ҳазор тонна ва то соли 2050 ба 1 миллион тонна расонда шавад.
40 ҲУНАРМАНД СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУД
Бародарон Имомиддин ва Хайрулло Ғафуровҳо бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дар пайравӣ ба ибтикороти созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи сохтани коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ шуданд. Чи хуш аст, ки дар ифтитоҳи он чанде пеш Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд ва он номи “Ёсуман”-ро гирифт.
Хайрулло Ғафуров дар ин бора чунин ибрози назар кард: “Сохтмони коргоҳи мазкурро бо ҳидояти Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоии падари равоншодамон Мирзамон Ғафуров оғоз бахшидем. Он дар майдони 420 метри мураббаъ қомат афрохта, барои 40 ҳунарманд ҷойи кор фароҳам овард. Дар коргоҳ дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ шуда, дар асоси дархост либосҳои занона, мардона ва варзишӣ низ омода месозем.
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ боиси хушҳолии занон ва ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Басманда гардид, ки то ин вақт дар хонаҳои худ ба чеварӣ машғул буданд. Дар коргоҳ даҳ дастгоҳи қолинбофӣ насбу васл карда шуд. Ашёи хом барои қолинбофиро аз хориҷи кишвар дастрас мекунанд.
Ҳамин тавр, пиру барнои Басманда аз нахустин ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳашон як ҷаҳон илҳому неру гирифтанд ва камари ҳиммат бастанд, ки дар ободонии як гӯшаи кишвари худ аз ин бештар саҳм гузоранд, талош намоянд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Душанбе – Деваштич – Душанбе

Шарҳ нест