19 феврал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ аз захираи картошка ба ноҳияи Деваштич ташриф овард.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ҳамроҳӣ карданд.
Тавре мушоҳида гардид, дар аксари таҳхонаи манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои Ваҳдат ва Исмоили Сомонӣ картошка ва ҳам тухмии он захира карда шудааст.
Кишоварзони ноҳияи Дешваштич тӯли солҳои охир ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошкаро наздик 1000 гектар зиёд намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва инчунин аз ҷониби худи аҳолӣ заминҳо обёрӣ шуда, кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли картошка чораҷӯӣ менамоянд.
Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 12 намуди тухмии картошка парвариш карда мешавад ва тибқи дурнамо деҳқонони ноҳия азм доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд.
Шарҳ нест