22 марти соли 2025 дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун маросими ифтитоҳи пули мошингузар баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи пули мошингузар Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода ва сокинони деҳаи Истиқлол иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни ифтитоҳи пули мошингузар иброз дошт, ки бунёди роҳу пулҳо дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Зеро бунёди роҳу пулҳо аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду сохтмони роҳу пулҳо эътибори зарурӣ дода, аз ҷумла ба масъулин дастур дода буданд, ки дар партави вусъати корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созанда корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳу пулҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.
Сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Иситиқлол, ки барои иқтисодиёт ва беҳдошти зиндагии мардуми ин минтақа муҳим мебошад, дар доираи ин супориши созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид,-таъкид кард Раиси ноҳия.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар 25 мерт ва паҳлӯяш 8 метр буда, иншооти мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша, муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз мардуми сарбаланди деҳаи Истиқлол боз ба як кори савоб даст зада, пули мазкур деҳаро, ки рафту омади мардумро ба шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ мепайвандад.
Сокинон аз бунёду ба истифодадиҳии пули мошингузар изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич
Шарҳ нест